Уҷб — ошиқи худ будани инсон аст.
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Уҷб — ошиқи худ будани инсон аст. Ҳуббу-з-зуҳур — дӯст доштани зоҳир кардани худ аст. Ин ҳол инсонро аз Аллоҳ боз медорад. Агар аз Аллоҳ боз дошта шавӣ, ба асову дабдабаҳо чӣ ҳоҷат? Аввал илм, баъд ҳилм ҳосил кун. Соҳиби қол, ҳол ва сол шав. Ҳатто мол касб кун. Баъд ба қалбат назар кун: оё ман ҳақ дорам, ки ба одамон насиҳат кунам? Агар садои «не»-ро шунавӣ, пас, акнун аз ту насиҳат мепурсанд. Агар садои «ҳа» ояд, пас, нафсатро бут сохтаӣ. Худпарастӣ бошад, бутпарастист. Балки аз он ҳам бадтар.

Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.