БАРАКАТ БА КУҶО ГУРЕХТ?
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Дар пул, дар вақт, дар кор баракат нест. Ҳар қадар маблағ бошад, ба хароҷот намерасад. Қарздорон бисёранд. Аз дилҳо ҳаловат, аз чашмҳо хотирҷамӣ ғоиб...
- чун риштаҳои хешовандӣ канда шуданд; - чун қонунҳои маҳрамият поймол гаштанд; - чун ҳасад ва бахилӣ зиёд шуд; - чун калон ба хурд, хурд ба калон беист зулм кард; - чун одамон андешида гап заданро бас карданд; - чун дилҳои мо сап-сиёҳ шуданд; - чун саховат аз ёд рафт; - чун орзую ҳавас зиёд шуда, бо сар ба дунё фурӯ рафтем; - чун ба ботлоқе бо номи рибо бо сар ғӯта задем; - чун дурӯғ ва тӯҳмат аз ҳад зиёд шуд,
табиист, ки баракат нест мешавад. Маҷбурем на ҳамеша дар сифр, балки дар ҳисоби манфӣ бимонем.
Парвардигоро, ба мо тавфиқ деҳ! Ба мо раҳм кун!
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.