Имон
Агар ҳақ бошӣ, маранҷ, маранҷон, тамом,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Агар ҳақ бошӣ, маранҷ, маранҷон, тамом,Агар ҳақ бошӣ, Ҳақ туро ҳимоя кунад.Агар ҳақ бошӣ, озурда машав, маозор, тамом,Ҳақ будан барои тавфиқ кифоя кунад.Агар ҳақ бошӣ, бигзор ҳамаи аҳли кизб кӯшанд,Ки туро бияфтонанд, комилан сарнагун кунанд! —Хотират ҷамъ бошад, нусратро ҳис карда,Дасти каҷ ростро ҳаргиз мағлуб карда наметавонад!Андеша, сухан ва кори худро пурраМувофиқи зикру фикри Ҳақ кунӣ, кифоя аст.Бандагонро гузошта, ба Худо рӯ овар —Миёни худу Ҳақро рост кунӣ, кифоя аст.Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.