Бандае, ки ба корҳои аз қувваташ берун мекӯшад, дар оқибат худаш осеб мебинад.
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Бандае, ки ба корҳои аз қувваташ берун мекӯшад, дар оқибат худаш осеб мебинад. Вақт дар ҷараёни худ аст. Воқеаҳо дар маҷрои худанд. Ҷаҳидани банда барои ӯ ҳеҷ чизро тағйир намедиҳад. Бо ғазабу қаҳр гиреҳҳо кушода намешаванд, балки боз ҳам сахттар баста мешаванд. Барои нафс аз ночорӣ доруи беҳтаре нест – онҳое, ки мехоҳанд ҳар мушкилро бо ақлу қуввати худ ҳал кунанд, албатта, ин доруи талхро менӯшанд, дигар илоҷ нест. Гоҳе шитоб кардем, гоҳе ғурур варзидем; гоҳе ҳокимият хостем, гоҳе қудрату тавоноӣ. Ҳукм ва қудрату тавоноӣ, иззат ва ҳикмат аз они Худост. Банда кори худро кунад ва ба кори Худо бинӣ нахалонад, он гоҳ хотирҷамъӣ ва ҳаловат, амонӣ ва офият ҳаёти бандаро равшан мегардонад.
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.