Имон
Зи васвасаи нафс озоду ҳур намо,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Зи васвасаи нафс озоду ҳур намо,Дили маро лабрези нур намо.Ки то айби дигарон набинам ҳаргиз,Худоё, чашми маро комилан кӯр намо.Ба сифоти Ту гардам мафтуну шайдо,Ба шакли ин ҷаҳон нанигарам асло.Агар бо нури Худ роҳам нанамоӣ,Ҳама олам зулмату сиёҳ аст ҳар ҷо.Барои шайтон бино сохтан нахоҳам,Ҳосили ҷаҳолат даравидан нахоҳам.Гуноҳи худи ман хаста кардааст маро,Ҷурми дигаронро дидан нахоҳам.Акром МАЛИК


Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.