АВТОКРАТИЯИ ШАВҲАР
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Дар хона шавҳар бояд мисли подшоҳи соҳиби ҳокимияти беканор бошад. Яъне автократ. Дар оилаи марди автократ тартибу бахт ҳукмрон аст.
Зеро марди оқил мефаҳмад, ки озодии сухан, имкониятҳои баробар ва монанди инҳо абсурд аст.
Ӯ барои он ки вазнинии вазифаи бар зиммааш бударо хеле амиқ ҳис мекунад, ҳам маҷбур аст автократ бошад.
Зане, ки дар дасти шавҳари автократ аст, бо ҳисси итоат ва тобеият бахтиёртарин зани дунёст.
Дар ҷаҳон зане бадбахттар аз зане нест, ки шавҳарашро писари калонии худ кардааст!
Дар зери ҳокимияти шавҳари автократ
- кайфияти зан кайфияти оиларо муайян намекунад; - зан аз ҷеркиш ё гапи сахт, танбеҳи шавҳараш малол намегирад; - зан намекӯшад бар шавҳар ҳукм ронад; - шавҳар аз зулми зан тарсида худро «формат» намекунад; - шавҳар вақте ки хоҳад, хоб рафта ва бедор шуда метавонад.
Агар зан ҳукмрон бошад
- гапи шавҳар ҳамеша мешиканад; - дар оила овози шавҳар шунида намешавад; - фарзандон бетарбия калон мешаванд; - дар бадани зан гормони мардона боло меравад; - дар бадани мард гормони занона меафзояд; - оила пароканда шуда, бадахлоқиҳои берунӣ оиларо фаро мегиранд.
Ба насаб ва сулола нуқта гузошта мешавад.
Автократия ҳамеша роҳи дурусттарин аст. Зеро дар он имкони барқарор кардани адолат ҳаст, аммо дар шакли дигар на адолат ва на тартиб барқарор кардан мумкин аст.
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.