АСРОРИ ВАЛОЯТ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Соҳибкароматоне, ки дӯсти Аллоҳ шудаанд, чӣ гунаанд?
Дар ин бора як ҳикояти аҷибе ҳаст, Шумо ҳам хонда бинед-а:
Ҳазрати Довуди Тоӣ дар соҳили дарё моҳӣ дошта нишаста буд, дар паҳлӯяш толибонаш буданд. Дар дарё қаиқе намоён шуд, дар қаиқ ду мард ва як зан шароб нӯшида, айшу ишрат карда меомаданд. Толибон гуфтанд: «Устод, барои ин гунаҳкорон як дуо кунед, то онҳо ҳам мисли мо аз гуноҳҳо гурезанд». Вақте ки толибон дуои бадро интизор буданд, ҳазрати Довуди Тоӣ дуо кард, ки Аллоҳ айшу ишрати инҳоро дар ҷаннат ҳам давом диҳад. Қаиқ роҳашро тағйир дода, ба назди онҳо, ба соҳил омад. Ва ногаҳон сарнишинони қаиқ дар ҳузури Довуди Тоӣ имон оварданд. (Аз китоби «Бӯи об», саҳифаи 170)
Бале, авлиё меросбарони анбиёанд, анбиё на барои ба гирдоби ноумедӣ партофтани инсонҳо, балки барои аз гирдоби ноумедӣ ба соҳили тақво кашида баровардани онҳо фиристода шудаанд. Авлиё бошанд, давомдиҳандагони кори онҳоянд.
Дар китоби «Инсони комил», ки ба қалами ҳазрати Азизи Насафӣ мансуб аст, сухани аҷибе ҳаст: «Раҳмати Ҳақ бар тамоми олам аст. Раҳмати анбиё бар уммати худ аст. Раҳмати авлиё бар онҳоест, ки ба ӯ пайравӣ карда, ӯро дӯст медоранд».
Онҳое, ки аз пайравони худ рӯй мегардонанд, авлиё нестанд. Онҳо ҳам мисли ҳама аз тоифаи авом буда, танҳо дар сурати валӣ намоён мешаванд, халос.
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.