ОРЗУ ДОРАМ, КИ УМРИ ДАРОЗ БИНАМ, медонӣ, барои чӣ?
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
ОРЗУ ДОРАМ, КИ УМРИ ДАРОЗ БИНАМ, медонӣ, барои чӣ?
Барои он ки тақдиреро, ки Раббам додааст, бо ризоият зиндагӣ карда гузарам.
Барои он ки ба Раббам тавбаҳо карда бимонам.
Барои он ки ба Худоям бисёр-бисёр ибодатҳо кунам.
Барои он ки ба одамон хизматам бисёр бирасад.
Барои он ки ба инсонҳо бисёр-бисёр меҳр бахшам ва сабаби хушбахт шудани онҳо гардам.
Некиҳои Раббам дар тӯли ин дунё ҳам пошида шудаанд, кошки он некиҳоро мисли мурғе, ки дона мечинад, дона-дона, мисли мурғе, ки нӯл мезанад, хам шуда чида гардам ва аз ин завқ барам!
Кошки қалбам аз шукр ва шавқ лабрез гардад!
Ин дунё ҳам, охират ҳам салтанати Худоям аст. Агар дар салтанати Худоям як бандаи фармонбардор буда, даврону давр ронам, охир, бадии ин дар чист?
Мехоҳам умри дароз бинам, дар охири умрам азоби маргро набинам ва бо шодиву хурсандӣ, пур аз табассумҳо ба сафари охиратам равам.
Умри дароз дидан ва аз неъматҳои Парвардигорам шод гашта, бо ташаккурҳо зиндагӣ кардан ҳам зебост, баъд пайваст шудани ин ҳаёт ба ҷаннат ҳам зебост.
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.