АДАБ ВА ҲИММАТ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Ақл ҳам мерӯяд. Ақлро адаб мерӯёнад. Инсон ҳар қадар адабро одат кунад, ҳамон қадар оқилтар мегардад. Беадаб аз ақл ва ҳушу хирад дур мешавад.
Адаб — бо ҳар кас муносиби ӯ муомила кардан аст.
Ҳиммат қувваест, ки инсонро ба корҳои бузург бармеангезад. Корҳои бузург шояд ба чашм намоён бошанд ё набошанд.
Хусусан, дили касеро, ки ӯро барои худ азизу бузург медонӣ, озурда ва ғамгин накардан низ ҳиммат аст.
Ташвише, ки ба сарат афтодааст, бузургтар аст ё ғами инсоне, ки дӯсташ медорӣ?
(Ба муҳаббат одамони солеҳ сазоворанд)
Соҳиби ҳиммат ташвиши худро баҳона карда, ба маҳбубаш беэътиноӣ зоҳир намекунад. Бо иддаои бори ғами худ маҳбубашро шармсор намесозад. Барои ин корро накардан ҳиммат лозим аст. Одобе лозим аст, ки ҳимматро нигоҳ дорад.
Ин кор низ навъе аз кори бузург аст. Оё коре бузургтар аз нигоҳ доштани дил ҳаст?..
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.