Забон

Ҳикмати калон кардани фарзанд

Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ

Фарзанд қарзи худро дар назди падару модар адо карда наметавонад. Падару модар низ набояд фарзандро қарздор карда, баъд барои он ки ин қарзро адо кунад, парвариш намоянд. Падару модар будан якчанд ҳикмати илоҳӣ дорад. Ҳикмати 1. Ҳаёт дар рӯйи замин идома ёбад. Ҳикмати 2. Меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат намирад. Ҳикмати 3. Итоат ва муҳаббат ба Худо боқӣ бимонад. Падару модар бо тарбия кардани фарзандоне, ки Худоро мешиносанд ва ибодаткунандаанд, бандагиро адо мекунанд. Чӣ тавре ки фарзанд падару модарро парасторони бепул, хӯронандаву нӯшонанда донистанаш хатост, ҳамон тавр падару модар фарзандро қарздор, хизматгор, ғулом донистанашон низ хатост. Агар ҳар хонаводаи имондор фарзанди мӯъмину мусулмон парварад, бас, мурод ҳосил — ҳама чиз дар ҷои худ аст. Аммо агар масъала ва мақсад аз ин танг шавад, мусибат ва бадбахтӣ зиёд мегардад. Фарзанд ғулом, фарзанд бут, фарзанд санам нест, ки бар ӯ хоҷагӣ карда шавад ё то дараҷаи парастиш дӯст дошта шавад! Фарзанд давомдиҳандаи насл аст, агар бимирем, чароғамонро фурӯзон мекунад, яъне динро, ахлоқро, некиҳоро идома медиҳад.

8 310бор дида шудааст

Шарҳҳо

    Мақолаҳои дигар

    РИСОЛАИ МАРҒУБА

    Бобои модарам, мулло Олим раҳматуллоҳи алайҳ, аз муршидони тариқати нақшбандия буданд. Дар давраи мустамликаи собиқ Шӯравӣ мардумро ба дин, ба ахлоқ иршод карданд. Барои он ки дар…

    1 дақ.

    Ба он укоҳои хому ғӯр ва нопухтаамон, ки худро, тамоми ҳаёти худро ҳамчун тасвири мукаммалӣ,

    хатоҳояшро ҳам ба ранги фазилат ранг карда, қадам ба қадам худро беозору ҷидду ҷаҳдкор нишон дода ба мардум тақсим карда истодаанд, гуфтание дорем, ки — ин кори шумо шуморо беқадр…

    1 дақ.

    Г.Г.МАРКЕС. Романи «100 СОЛИ ТАНҲОӢ»

    Ба хулосае омадам, ки ин роман киноя дар бораи имрӯз ва ҳолати ояндаи башарият аст. Ба ҳар ҳол, маълум аст, ки он гузашта нест. Маҳз зарбулмасали бузурги хусусиятҳои бунёдии…

    1 дақ.

    Ворид шудан ба сайт

    Барои гузоштани вокуниш, навиштани шарҳ ва нигоҳ доштани танзимот ворид шавед.

    Бо идома додан шумо бо созишномаи корбарӣ ва сиёсати махфият розӣ мешавед.