Гумон мекардам, ки ҷавонон тозаву покиза мешаванд. Баъд маълум шуд, ки дар миёни ҷавонон ҳам айёрон ва…
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Гумон мекардам, ки ҷавонон тозаву покиза мешаванд. Баъд маълум шуд, ки дар миёни ҷавонон ҳам айёрон ва дурӯягон бисёр будаанд. Дар байни онҳо касоне будаанд, ки бо ту муомилаи хуб карда, ба падару модари худ беадабӣ мекунанд. Инҳо хоинанд. Бисёр будаанд онҳое, ки ба ту танҳо ҳамчун василае менигаранд, ки корашонро анҷом медиҳад. Инҳо пастанд. Онҳое ҳам бисёр будаанд, ки худро пеши ту бечора нишон дода, аз пасат суханони бад паҳн мекунанд. Онҳо хоранд. Инсон таҳкурсӣ – пояи ҳаёташро дар ҷавонӣ мегузорад. Агар ҷавониатро бо пастӣ, дурӯягӣ, бесабрӣ, хиёнат, аблаҳӣ, дунёпарастӣ, мунофиқӣ, шаҳватпарастӣ, такаббур гузаронӣ, дар оянда ҳосили ҳамин нафратангезиҳо интизори туст. Хоҳӣ-нахоҳӣ, мехӯрӣ. Агар ҷавониро бо матонат, ҳалолӣ, покӣ, садоқат, меҳнат, субот, муҳаббат, талош, ростгӯӣ, сабр ва ибодат зинат диҳӣ, дар оянда иззат ва шараф интизори туст. Коре, ки ҷавон мекунад, – оинаи зот ва насли ӯст. Ӯ ҳамаи иллатҳо ва фазилатҳои зоти худро фош карда зиндагӣ мекунад. Ба гунаи дигар будан ғайриимкон аст. Албатта, дари тавба ва тавфиқ кушода аст, ба он низ касоне муваффақ хоҳанд шуд, ки дар зот ва насли худ некӣ доранд.
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.