Забон

БОБИ ЧОРУМ

Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ

БОБИ ЧОРУМ

Фасли дуюм

Мактуб ба духтарон

Духтарҷон! Ту хеле зариф, нафис ва нозук офарида шудаӣ. Қувват ва иззати ту дар ҳамин сифатҳои туст. Ту дӯстдошта ва азиз офарида шудаӣ, муҳаббат ба ту аз итоат, фаросат ва суханони ширинат меояд. Духтарҷон! Барои намоиш додани худ шитоб накун, ба ороишҳои гуногун ташна набош, ба дугонаҳоят нигариста ба занҷири ҳавас баста нашав. Ту худ олами алоҳидаӣ, ту як китобӣ, варақҳои онро ба рӯи ҳама накушо. Духтарҷон! Агар ту аз ҳимояи оила берун равӣ, мисли балапони аз тухм баромада бепар ва урён мемонӣ. Гумон накун, ки маро бегонагон ҳимоя мекунанд, ҳар бегонае дар ин дунёи сард ба ту бо чашми ваҳшат менигарад. Духтарҷон! Оё медонӣ, ки ту то чӣ андоза сазовори муҳаббат ва меҳрӣ! Дили ту то чӣ андоза аз ишқу муҳаббат лабрез аст! Ва худат то чӣ андоза ба ишқу меҳр муҳтоҷӣ! Агар меҳри ту набошад, олам дар қаҳратон мемонад; агар ба ту меҳр дода нашавад, ту мисли бутаи гул хушк мешавӣ. Гумон накун, ки меҳри ҳамаро ба даст меорам, муҳаббати ҳамаро соҳиб мешавам; муҳаббат ва меҳри ҳама – чизи нест аст; чизе, ки моли ҳама аст – чизи бесоҳиб аст. Ту танҳо бо меҳри одамоне, ки ба худат тааллуқ доранд, зиндагӣ карда метавонӣ; ту танҳо бо меҳр додан ба одамоне, ки ба худат тааллуқ доранд, касеро зинда дошта метавонӣ. Одамоне, ки ба ту тааллуқ доранд – ин падару модарат; хоҳаронат; бародаронат…; ва ҳамроҳи умрат, ки Худо ато мекунад – соҳибат аст. Баъд фарзандонат. Ғайр аз онҳо ҳама ба ту бегонаанд, эркаи онҳо Ту ҳастӣ. Сарвати онҳо – Ту ҳастӣ. Барои ту низ онҳо мазмуни ҳаётат ҳастанд. Бинобар ин худро ҳеҷ гоҳ ба дасту назари бегонагон напарто! Духтарҷон! Дар дилат ҳасад набошад. Ба хоҳаронат ҳасад набар, бо онҳо самимӣ ва меҳрубон бош. Барои ту наздиктарин ва беҳтарин ҳамроз – хоҳаронат ҳастанд. Духтарҷон! Ба ту кӯтоҳ ва содда гуфтам. Ин суханонро аз бар кун. Маънояшро дарк намо. Ва фаромӯш накун, ки қадри ту то чӣ андоза баланд аст. Ту ҷавҳар, нур ва решаи ҳаётӣ. Тамоми олам ба ту муҳтоҷ аст. Худро ҳамеша нигоҳ дор. Ба ҳилаи душманон фирефта шуда, ба номи поки худ доғ нагузор, аз байн бурдани он доғ хеле душвор аст. Ба Аллоҳ амонат бош, духтарҷон!

Акром МАЛИК

3 500бор дида шудааст

Шарҳҳо

    Мақолаҳои дигар

    БОБИ ЧОРУМ

    Фасли аввал ДУХТАР Касе, ки писар дорад, ҷой дорад, касе, ки духтар дорад, қадр. Касе, ки духтар дорад, ноз дорад. Духтар – калиди биҳишт аст. Духтар – файзи оила аст. Духтар –…

    2 дақ.

    Агар пурсанд, ки аблаҳ кист, бидон, ки аблаҳ одамест, ки фоида ва зарарро фарқ намекунад. Аблаҳ он қадар…

    Ӯ боз аз он сабаб аблаҳ аст, ки аз ширае, ки барои доштани магасҳо гузошта мешавад, ибрат гирифта наметавонад. Аз аблаҳ дур бош: ӯ туро бе дудилагӣ мекушад ва гуфта меистад, ки…

    1 дақ.

    Ҳар қадар мусибат ба сарат афтад ҳам, хомӯш бош. Сукут кун. Гап назан. То ҳадди имкон диққат надеҳ. Худро ба…

    Санҷише, ки ба сарат омадааст, ба доми тӯрин монанд аст: ҳар қадар питир-питир кунӣ, ҳамон қадар бештар печида меравӣ. Ором бош. Албатта, аз дом мебароӣ. Гӯё нестӣ, ҳамин тавр…

    1 дақ.

    Ворид шудан ба сайт

    Барои гузоштани вокуниш, навиштани шарҳ ва нигоҳ доштани танзимот ворид шавед.

    Бо идома додан шумо бо созишномаи корбарӣ ва сиёсати махфият розӣ мешавед.