Забон

Сир бузургтарин қувват, мустаҳкамтарин қудрат аст. Агар мард сирри худро бидиҳад, мисли чӯҷаи аз тухм…

Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ

Сир бузургтарин қувват, мустаҳкамтарин қудрат аст. Агар мард сирри худро бидиҳад, мисли чӯҷаи аз тухм баромада бепаноҳ ва заиф мегардад. Ҳамаи ҳалокатҳо ва шикастҳо дар натиҷаи аз даст додани сир рӯй додаанд. Сирри мард чист? Сирри аввал – қувват, тавоноӣ ва имконият аст. Ҳеҷ гоҳ ҳудуди қуввататро ошкор накун. Зӯри худро пинҳон дор. Бигзор ҳеҷ кас онро тахмин карда натавонад. Сирри дуюм – маблағ аст. Дар кисаат чӣ қадар ҳаст, дар як моҳ чӣ қадар даромад мекунӣ; чӣ қадар зиён ва зарар мебинӣ – ошкор накун. Бигзор ҳеҷ кас миқдори сарвататро надонад. Сирри сеюм – зан аст. Занат кист, сифаташ чӣ гуна аст, онҳо чандтоянд – нагӯй. Ҷанҷол мекунӣ, созиш карда наметавонӣ, дилат хунук мешавад – нагӯй. Занро аз дӯсту душман пинҳон дор. Пас, зӯр – пинҳон. Зар – пинҳон. Зан – пинҳон. Сирри чорум – нақшаҳо. Чиро андешидӣ, чиро ният дорӣ, чиро интизорӣ – пинҳон дор. Ба ҳеҷ кас ҳисобот надеҳ. Сирри панҷум – сафар. Ба куҷо, барои чӣ, ба чӣ муддат меравӣ, бо кӣ вомехӯрӣ – нагӯй. Сирри шашум – дӯстон. Бо кӣ, аз кай боз дӯстӣ, ба ту чӣ некие кардааст – нагӯй! Агар хоҳӣ бедӯст монӣ, онро ба олам достон кун, зуд ҷудо мешавӣ. Сирри ҳафтум – душманон. Бо кӣ, барои чӣ ва аз кай адоват дорӣ – нагӯй. Агар хоҳӣ, ки душманонат забон як накунанд, агар хоҳӣ, ки фардо душманонат қувват наёбанд, хомӯш бош. Сирри ҳаштум – ибодат ва эҳсон. Намозу рӯзаҳои нафл, садақа ва хайроти худро нигоҳ дор, ба ҳеҷ кас фош накун. Сирри нӯҳум – устод. Аз кӣ чӣ дарс ва сабақ мегирӣ, пинҳон дор. Ин сирҳоро танҳо падару модар ва устод ҳақ доранд бидонанд, халос. Ба ҳеҷ каси дигар даҳон накушо. Ин сифатро дар худ ташаккул деҳ. Худро маҷбур кун. Бовар кун, ту одами бузург хоҳӣ шуд. Танҳо аблаҳон сир нигоҳ намедоранд. Ҳеҷ гоҳ аблаҳ набош. Сирри худро аввал худат пинҳон дор. Ба касе бовар карда гуфтӣ ва ӯ фош кард – дигар ӯро ба дастархонат наздик накун. Дар ҳар сурат ӯ – хоин аст ва хоин ҳеҷ гоҳ дар қатори одамон ҳисоб намеёбад. Ӯ нест, ӯ фақат як мавҷудот аст, халос.

Акром МАЛИК

3 160бор дида шудааст

Шарҳҳо

    Мақолаҳои дигар

    БОБИ ШАШУМ

    ОИЛА БУНЁД КАРДАН Фасли аввал Зарурат Мо ба қисми асосии рисолаамон ворид шудем. Оила бунёд кардан – савдои умр аст. Ҳар як ҷавону духтар бояд андеша кунад, ки оила бунёд кардан…

    5 дақ.

    Фаромӯшӣ – неъмати бузург аст. Агар инсон фаромӯш карда натавонад, баъзе хотираҳо ӯро ҳалок мекунанд.

    Мегӯянд, ки сиркоро дар ҷои торик гузошта, ҳар қадар солҳои дароз нигоҳ дорӣ, ҳамон қадар тунд ва пурқувват мешавад; баъзе хотираҳое, ки дар дили инсон мондаанд, низ мисли сирко…

    2 дақ.

    Яке аз сифатҳои иблис рӯҳафтодагии ӯст. Яъне иблис рӯҳафтода ва маҳзун аст. Ӯ махлуқест, ки аз Худо умед…

    Одами рӯҳафтода аз фардо равшанӣ намебинад. Аз ҳамаи ҳодисаҳо танҳо фоҷиа ва азоб меҷӯяд. Одами некбин бошад, ҳамеша дар осонӣ ва шодӣ, фараҳ ва нишот аст. Худо писанд мекунад, ки…

    3 дақ.

    Ворид шудан ба сайт

    Барои гузоштани вокуниш, навиштани шарҳ ва нигоҳ доштани танзимот ворид шавед.

    Бо идома додан шумо бо созишномаи корбарӣ ва сиёсати махфият розӣ мешавед.