ИТОАТ ВА САДОҚАТ БА ШАВҲАР БА ЗАН БАХТ МЕОВАРАД
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Агар дар оила шавҳар роҳбар набошад, писарон духтарсифат, духтарон писарсифат ба воя мерасанд. Оила ба мушкилоти майда гирифтор мешавад. Аз он оила шахсиятҳои баркамол намебароянд. Зеро шавҳари қавӣ ва мӯҳтарам барои писарон ибрат, барои духтарон пуштибон аст. Оилае, ки дар он зан ҳоким аст, дар ҷомеа обрӯманд ҳисоб намешавад. Дар оила зан ба дили шавҳар нигоҳ кунад. Итоатро ба таври комил зоҳир созад. Айбҳои шавҳарро ҳатто дар дили худ муҳокима накунад. Аз турушрӯйӣ ба шавҳар ҳаё кунад. Аз фурӯ рехтани кайфияти шавҳар битарсад. Кайфияти шавҳар кайфияти оиларо муайян кунад. Дар ҳамин оила тартиб ва баракат, шаъну шараф пайдо мешавад. Агар овози зан баланд шавад, ҳоли шавҳар занро ба худ ҷалб накунад, шавҳар барои зан дар мақоми ҳамён ё хизматгор бошад, зан аз ба замин гузоштани сухани шавҳар, аз хунук кардани дили ӯ наҳаросад, дар ин оила некӣ ва хайр нест. Эй занон! Шавҳаронатонро қадр кунед. Бар сар бардоред. Таҳқир накунед. Мардон аксаран мисли занон майдагап ё кинаҷӯ намешаванд, дар баробари андаке табассум ва ширинсухании шумо шуморо афв мекунанд. Танҳо, барои хатоҳоятон узр пурсиданро ва шавҳарро шавҳар дониста, ба ӯ самимона сар хам карданро бидонед. Ҳамаи балоҳо дар оилаҳо аз кибру бесабрии зан ва аз шавҳар узр пурсида натавонистани ӯ меоянд.
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.