БА БУЗУРГОН ГУФТАНИ ХАТОҲОЯШОН ТО ЧӢ ҲАД ДУРУСТ АСТ?
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Дар замоне, ки нав номида мешавад, ба ҷомеаҳо афюне бо номи озодии сухан нӯшонида шуд. Тибқи он озодӣ, ҳар кас беадабии гуфтани ҳар чӣ ба забонаш ояд, ба даст овард.
Чеҳраи нави истибдод ба сурати озодии сухан даромад. Ҳадафи қоидаи бепояи «Ҳар кас ҳар чӣ нафсаш фармояд, бигӯяд, ин асоси адолат аст!» хеле даҳшатнок буд. Яъне ин қоида ба қасди забт кардани диёрҳои озод ва бар зидди давлатҳои худашон шӯронидани халқҳои он ҷо ҳамчун восита гирифта шуд. Аввал ба одамон бовар кунонданд, ки озодиатон буғӣ шуда истодааст. Баъд подшоҳонро золим муаррифӣ карданд. Афюни сухани озодро хӯронданд. Оммаи маст ба паноҳе, ки болои сараш меистод, табар бардошт.
Мо амри «Агар гап занӣ, гапи нек бигӯй. Вагарна, хомӯш бош!»-ро гирифтаем.
Имрӯз ба бузургон гуфтани хатоҳояшонро ҷасорат меноманд. Дар ин ҷо чанд ҷиҳати нозук ҳаст: 1. Ту то чӣ андоза ҳақ дорӣ, ки ба инсони бузург ҳамла кунӣ? Ин кори ту беҳаддист. 2. Дар ҳузури бузургон хомӯшӣ ва хизмат кори ҷавонон аст. 3. Барои фаҳмидани ҳикмати коре, ки бузургон мекунанд, илм, таҷриба ва басирати ту ҳанӯз оҷиз аст. Ҳар вақт ки ба маснади онҳо бароӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ. То он вақт сабр кун. Бо сабр ҳеҷ чиз гум намекунӣ.
Бузургон киҳоянд? Пеш аз ҳама, соҳибони асолат, яъне сайидҳое, ки аз насаби асилзодаанд, олимон, амирон, сардорон, роҳбарон; устодон, падарон, бародарони калон. Аз онҳо бояд насиҳат гирифт, қадр кард, итоат намуд. Агар нуқсоне рух диҳад, бояд дар ҳаққашон барои ислоҳ дуо кард ва интизор шуд. То парда бардошта нашавад. То ба адаб ва ҳаё халал нарасад.
Агар хурд хурдии худро надонад, калон калонии худро фаромӯш кунад, сарҳо пой, пойҳо сар мешаванд, изи асп ва саг омехта мешавад, тартиб нест мешавад. Аҳли илму ҳикмат ба пойгаҳ мефароянд, аҳли ҷаҳлу разолат ба садр мебароянд — адолат ғоиб, зулм ғолиб мешавад.

Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.