Забон

Зиндагӣ

Агар ба ҳеҷ кас тобеъ набошӣ,

Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ

Агар ба ҳеҷ кас тобеъ набошӣ,Аз ягон кас карам интизор набошӣ,Агар дар фикратат озодӣ дурахшад,Дар хонаи худ худат мӯҳтарамӣ.Агар сухане гуфта, тарс ҳис накунӣ,Дар бедориву хоб тарс туро таъқиб накунад,Агар ҳақиқатро ошкор карда,Дар кишан фиғон накашӣ!..Агар бо ҷидду ҷаҳд меҳнату ранҷ кашида,Дар роҳи ҳалол ганҷ ёбӣ,Агар аз роҳзан дар амон бошӣ,Дар сарат фишори искана ҳис накунӣ.Намоиши ҳуррият ҳамин аст,Оройиши ҳаёти озод ҳамин аст.Вале озодӣ як поя дорад,Ки ба ду дунё нур мебахшад.Агар аз имонат бол кашф кунӣ,Аз ҳирсу тамаъ наҷот ёбӣ,Дилеро, ки ҳаловаташро гум кардааст,Аз дасти нафс озод кунӣ!Ҳар чиро, ки шарри шайтон расидааст,Агар пок кунӣ ва ғубор намонад,Ин Ҳуррияти Раҳмонии ҳақиқист,Дар он ҳаргиз хорӣ нахоҳад буд!21 августи соли 2020Акром МАЛИК

2 210бор дида шудааст

Шарҳҳо

    Шеърҳои дигар

    Ворид шудан ба сайт

    Барои гузоштани вокуниш, навиштани шарҳ ва нигоҳ доштани танзимот ворид шавед.

    Бо идома додан шумо бо созишномаи корбарӣ ва сиёсати махфият розӣ мешавед.