Дар вазнинтарин вазъиятҳое, ки ба сарамон меоянд, чӣ бояд кард?
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Рушди ахлоқи писандида
1. Дар бораи одаме, ки дӯсти деринаат буду акнун душман гаштааст, сухан нагуфтан.
Зеро –
шояд фардо муносибат боз хуб шавад!
оё ҳурмати некиҳое, ки ба ту кардааст, нест?
2. Сирҳоеро, ки дар созишҳои пешина ваъдаи нигоҳ доштанашон дода шуда буд, ҳаргиз фош накардан.
Зеро –
ин пеш аз ҳама туро шармсор мекунад; касе ки ин корро кунад, хор мегардад, касе ки накунад, азиз.
маҳз ба ҳамин сабаб тарафи рақиб маҷбур мешавад туро эътироф кунад.
Чӣ тавре ки дар олам беахлоқие монанди таҳдид бо гуфтани «сирратро фош мекунам» нест, пастие монанди анҷом додани ин кор низ нест.
Аблаҳӣ ва кӯтоҳфаҳмие монанди гуфтани «агар фалон корро накунӣ, ба назди мардум баромада мегӯям» нест.
Ин ба Ислом ҳеҷ иртибот надорад, зеро Ислом дине бар пояи фаросат аст.
Ин ҳатто дипломатия ҳам нест, ҳатто тактика ҳам нест.
Ин роҳи ислоҳ ва тарбия нест.
Ин ислоҳот ва идоракунии хирадмандона нест.
Нармтарин тавсифи ин – хислати кӯдаконагӣ аст.
3. Қарор надодан.
Зеро –
мусибат моеъи сиёҳранги баданро, ки савдо ном дорад, зиёд мекунад.
аз одами савдоӣ зиён зоҳир мегардад.
4. Барои сард шудани мағз хомӯшӣ ихтиёр кардан ва барои ором гирифтан ба хилват рафтан ё ба ивазаш ягон кори дурусти дигаре кардан.
Зеро –
гап задан туро оҷиз нишон медиҳад.
нуқсони ахлоқат фош мешавад.
5. Дӯстонро нафурӯхтан, натарсидан, дар ҳар ҳолат хатоеро, ки бар шаъни касе доғ мегардад, ба омма зикр накардан, агар имкон бошад, ба ҳеҷ кас нагуфтан.
Зеро –
фош кардани корҳои беахлоқона дилҳои мардумро сиёҳ мекунад.
эътимодҳоро хомӯш месозад.
ту гуноҳро дидӣ, аммо тавбаро надидӣ, шояд тавба карда бошад?!
Модоме ки мақсад ислоҳ аст, ҳамеша бояд дар бораи роҳи ислоҳ андешид.
Барои табобати бемор ҳам вақт лозим аст.
Ба одамон низ барои ислоҳ шуданашон вақт дода мешавад.
Зотан, Аллоҳ чӣ қадар маъсиятҳои туро ҳанӯз фош накардааст, зеро он Зот ба ту барои тавба вақт медиҳад.
Тавфиқ аз Аллоҳ аст.
Эзоҳ:
Инҳо суханони аз ёд кардашуда нестанд, балки насиҳати таҷриба, ашкҳои хунин ва шабҳои бехобу пуразобанд.
Акром МАЛИК



Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.