БОБИ ДУЮМ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
БОБИ ДУЮМ
ДИЛИ ОИЛА – МОДАР
Биҳишт зери пойи модарон аст. Имрӯз на танҳо фарзандон, балки худи модарон низ ниёз доранд, ки ин ҳақиқатро дарк кунанд. Барои он ки биҳишт зери пойи ӯ бошад, модар бояд қодир бошад бар болои биҳишт қадам занад. Модари ҳақиқӣ модарест, ки дарк кардааст: ҳадафи олӣ дар ҳаёт ба дунё овардани фарзанд ва парвариши ӯст. Модар вақте мақоми модариро дарк мекунад, худро тамоман ба модарӣ мебахшад. Мақоми модарӣ олитарин мақом дар рӯи замин буда, монанд надорад. Модар танҳо нишони васфу мадҳҳо нест, ӯ зотест, ки дар ботин покдоман, дар ботин самимӣ аст ва барои камоли фарзанд метавонад худро пора-пора карда бидиҳад. Модар маҳз барои ҳамин бузург дошта мешавад. Барои ҳамин ҳам фарзанд биҳиштро аз пойи модар ёфта метавонад. Модар барои фарзанд аз осоиши худ, зебоӣ ва саломатии худ, ҳатто аз ҳаёти худ даст кашида метавонад, вале дар иваз ҳеҷ чиз талаб намекунад. Модар аз лаҳзае, ки аз модарӣ рӯй гардонд, ба қаъри бемаъноӣ фурӯ меғалтад. Модар пас аз ба дунё овардани фарзанд шабҳо бедор ӯро шир медиҳад, гирдаш парвона мешавад, барояш месӯзад; исботи он ки муҳаббати ӯ ба фарзанд пок ва ҳақиқист, ин аст, ки ӯ ин корҳояшро миннат намегузорад, барои ин корҳояш иваз ва бадал талаб намекунад. Модар қувватест, ки падарро дар хона ба тахт менишонад. Агар хоҳад, падарро аз тахт мефурорад; агар хоҳад, мақомашро дар тахт олӣ мегардонад. Модар падарро ба фарзандон ҳамчун симои гарднагирифта ва дахлнопазир тасвир мекунад, барои падар шоистатарин ҷойро омода месозад; шаъни падарро дар назари фарзандон ҳамчун олитарин шаън ҷо мекунад. Фарзандон бори аввал дунёро бо чашмони модар мебинанд. Бо фикри модар фикр мекунанд. Бо суханони модар сухан мегӯянд. Бинобар ин, модар ҳамеша худро, андешаашро, суханашро пок нигоҳ медорад. Ӯ дарк мекунад, ки коре, ки мекунад, ва сухане, ки мегӯяд, дар дилу хаёли кӯдаки маъсумаш чӣ гуна из мегузорад. Модар ба фарзандон падарро таъриф мекунад, аз ҳоли фарзандон ба падар дурусттарин маълумот медиҳад. Модар дар худи маркази оила истода, мисли дил ба тамоми оила осудагӣ ва нур мебахшад. Барои ӯ оила – қӯрғон аст. Ғайр аз оила ягон маскан ба ӯ таскин намедиҳад. Модар кӯдакро овундан, хӯрок додан, оббозӣ кунонданро медонад. Азбаски модар аст, худро дар назди кӯдак бениҳоят масъул медонад. Модар модар будани худро рӯйи кор намекашад. Аз мақоми модарӣ истифода бурда, фарзандонро мувофиқи раъйи худ истифода намебарад. Модар дар мисоли писар на ғулом, балки марди ҳақиқӣ ва инсони ҷасур тарбия мекунад, ӯ писарро як умр ба домани худ гузошта аллаёна зиндагӣ намекунад. Модар аз духтараш на махлуқи ғайбатчӣ ва суханчин, бесабр ва бетоқат, балки зани оқила, доно, оиладӯст ва боматонат ба воя мерасонад. Модар писарро як умр дар домани худ намегардонад. Барояш инсофу диёнат хоста, ӯро ба тарбияи падар месупорад. Бисёр вақти модар ба ташаккули духтар бахшида мешавад – ба духтараш ошпазӣ, тоза нигоҳ доштани хона, дӯхтани дарида-ямоқ, хушмуомилагӣ ва хулқи зеборо меомӯзонад. Ҳоли духтарашро назорат мекунад. Иҷозат намедиҳад, ки орзуву ҳавасҳои ҳавоӣ ба дили ӯ даромада лона созанд. Духтарашро пайваста бо кори муайяне банд мекунад. Таълими паси сар кардани машаққатҳои марбут ба занӣ дода, намунаи ҳифзи шарафи занӣ нишон медиҳад. Модар ба духтараш зиндагӣ карда нишон медиҳад, ки модари ҳақиқӣ чӣ гуна бояд бошад. Агар модар аз Худо тарсад, аз Худотарсии падар бештар фоида меорад. Ибодати модар нисбат ба ибодати падар қуввати бештар дорад. Гумроҳ шудани модар нисбат ба гумроҳ шудани падар фоҷиаи бузургтар аст. Агар падар гумроҳ шавад, асорати гумроҳ шудани модар аз асорати ӯ даҳшатноктар аст. Модар дили оила аст; чунон ки агар дил бемор шавад, тамоми вуҷуд заиф мегардад, агар модар маънан бемор бошад, эҳтимоли рух додани ҳалокат дар тамоми оила баланд аст. Агар Худо барои некии модар зери пояш биҳишт густурда бошад, метавон тасаввур кард, ки барои бадиаш чӣ ҷазо медиҳад. Агар модар мақоми худро пок нигоҳ дорад, ӯ дар ҷое аз арш баландтар нишонда мешавад.
Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.