БОБИ АВВАЛ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
ҲОКИМИ ОИЛА – ПАДАР
Фасли сеюм Сиёсати падар дар оила
Падар дар оила дар аксари ҳолатҳо одами ҷиддӣ ва хандонрӯй аст. Ӯ осуда ва ором, вазнин ва ботамкин аст. Падар ҳар як фарзандашро хеле амиқ мешиносад. Ӯ тарбияи фарзандашро дар ҷои олӣ мегузорад. Падар, вақте ки фарзандонаш ҳанӯз дар мактаб мехонанд, бо онҳо ҳар ҳафта суҳбати умумӣ мегузаронад. Маънои суҳбат – ин ҳафта кӣ чӣ корҳо кард, чӣ корҳоро карда натавонист? Аз фарзандон бо тарзи дӯстона дар бораи мактаб, муаллимон ва рафиқонашон пурсида мешавад. Гӯш карда мешавад. Ба онҳо ба маънои ташвиқи муайян муносибатҳои эҳсосӣ изҳор карда мешавад: «Э, ҳамин хел будааст? Ҳаа… Воооӣ. Офарин! Қани, нишон деҳ-чӣ?» Агар нодуруст гап занад ҳам, фавран танбеҳ намедиҳад, дар охири суҳбат мегӯяд, ки ана ҳамин ҷояш дуруст набуд. Нуқтаи муҳим ин аст, ки дар олам пурқувваттарин қуввате, ки ба ҷаҳонбинии фарзанд таъсир мерасонад, – сухан ва амали падар аст. Фарзанд сухани аз падар шунидаашро умрбод раҳо намекунад, онро чун дур ба гӯшаш меовезад, аз дилаш берун намекунад. Ба он чи аз падар дидааст, умрбод тақлид мекунад. Фарзанд агар имрӯз не, фардо; агар фардо не, пасфардо ба насиҳат ва панди падар такя мекунад. Шояд дар аввал қимати насиҳатҳоро зуд дарк накунад, вале бо мурури замон мефаҳмад, ҳис мекунад, яъне дар фарзанд сифати фитрие ҳаст, ки сухани падарро аз ёд намебарад; инро падар амиқ медонад ва аз насиҳат кардани фарзандаш, аз зинат додани суханонаш бо воқеаҳо ва ҳикоятҳои ҳаётӣ ҳаргиз бознамеистад. Падар инсони дар илм боғайрат аст. Ӯ ҳамеша дар хондан ва ҷустуҷӯ буда, аз ин раванд ҳеҷ бознамеистад; илмдӯстӣ ва маърифати ӯ бетаъсир ба оила ва фарзандонаш намемонад. Падар ба маҷлиси ҳафтаинаи оила то ҳадди имкон худ омода меистад, телефонҳо фаромӯш мешаванд, ҳама гарм суҳбат мекунанд. Вақте падар фарзандонашро гӯш мекунад, фарзандон низ пеш аз ҳама ба падару модар, баъд ба якдигар гӯш доданро меомӯзанд. Падар ҳамеша мақоми модарро дар оила баланд мегузорад, инро ҳам дар амал ва ҳам дар сухан зоҳир мекунад, аз модар маслиҳат мепурсад, бо ӯ баъзе масъалаҳоро муҳокима мекунад; фарзандон бо чашми худ дида ба воя мерасанд, ки модар мӯътабар ва сазовори эҳтиром аст. Падар ба тозагӣ сахт диққат медиҳад: тоза будани хона, ҳавлӣ, либосҳо ва ҳатто зарфу табақро назорат мекунад. Ба ҳеҷ як фарзандаш иҷозат намедиҳад, ки чиркин гардад. Падар месанҷад, ки кори фармудааш иҷро шудааст ё не. Агар хуб иҷро шуда бошад, фарзандашро «баракалло» гуфта таъриф мекунад; агар камбудӣ дошта бошад, боз таъриф карда ислоҳ мекунад. Бигзор падар ба фарзандонаш кореро, ки барояшон вазнин ва иҷрояш душвор, ғайриимкон аст, нафармояд; агар фарзанд иҷро карда натавонад ё амри падар дар хона адо нашавад ва сабабу оқибати ин тафтиш карда нашавад, ба қуввати маънавии падар дар хонадон халал мерасад. Падар барои нигоҳ доштани шаън ва эҳтироми худ дар оила мубориза мебарад, яъне ҳеҷ гоҳ амалеро, ки барояш доғ шавад, намекунад, зеро дар пеши фарзандон шарманда шудан вазнин аст. Падар ба маънои ҳақиқӣ соҳиби фарзанд аст, аз ҳар ҷиҳат ба фарзандаш соҳибӣ мекунад: ба фарзанд ҳам озодӣ ва мустақилиятро ҳис мекунонад; ҳам мефаҳмонад, ки дар назорат аст; эҳсос мекунонад, ки ин назорат аз диққат ба фарзанд аст. Падар ҳеҷ гоҳ дар пеши фарзанд забонбаста нест. Бигзор худро дар пеши фарзанд паст нагирад. Вақте фарзанд ба наврасӣ наздик мешавад, сиёсат ҷиддитар мегардад, фарзанд ҳис карданро сар мекунад, ки масъулият чист.
Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.