Зиндагӣ
Ба ҳамаи шумо, ки аз мо рафтед, салом бод!
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Ба ҳамаи шумо, ки аз мо рафтед, салом бод!Аз мо рафта, ғамҳоятон тамом бод!Агар мо монеи бахти шумо будем,Бе мо бахти комилатон ҳамешагӣ бод!Агар ба дилатон озор дода бошем,Агар нодониста аз кӯчаатон гузашта бошем,Инак, сари худро бар кундаи шумо ниҳодем,Шояд ин саркашро бурида таскин ёбед.Агар асли он айбҳоеро, ки шумо дидед, гӯем,Дар муқоиса бо дигараш гапе чун фазл аст.Моро бад донистед? Ҳақ ба ҷониби шумост, дӯст,Мо аз он ки шумо гуфтед, ҳазор бор бадтарем!..Биёед, майлаш, лагад занед, бизанед, сиёҳ маледБа рӯйи сап-сафед, кори дуруст ҳамин аст.Сангборон кунед, ба дор овезед, майлаш,Бидонед, дил аз ин ҳаргиз ғам намехӯрад.Зотан, мо сазовори чунин маломатем,Кошки ҳамеша мегиристем, як бор ҳам намехандидем!Мисли шумо нек шуда натавонистем, охир,Кошки таваллуд намешудем, дар миёни шумо намебудем!Аммо ночор… Ба ин олам омадем,Оҷизона нафас кашида мегардем-дия…Бигзор чанд даме гузарад, дӯстон, каме сабр кунед,Вақте ки вақтамонро ғарибона харҷ карда тамом кунем;Баъд рӯйи заминро ба шумо мегузорем,Чун бе мо дунё андаке васеътар шавад,Камубешҳои норасо ҳам пурра мешаванд,Чун фақире мисли мо аз ин олам даст кашад.Салом бар ғарибоне, ки бо мо монданд!Марди майдон худатонед, ҳиммат дар Шумост!Мо ба худамон ҳаргиз тоб оварда наметавонем,Шумо чӣ гуна тоб оварда мегардед-а! Ташаккур ба Шумо!
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.