Ишқ
То даме ки саҳрои ишқро нагардӣ,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
То даме ки саҳрои ишқро нагардӣ,То даме ки дарди ҳиҷронро ҳис накунӣ,То даме ки аз олами дунё безор нашавӣ,Роҳеро, ки ба Ҳақ мебарад, дида наметавонӣ.Саҳрои ишқро гардӣ, аммоБарои маъшуқ гирён наво накунӣ,Агар дарёе, ки дар вуҷудат нағунҷад,Аз чашмат лабрез нашавад, дар роҳи Ҳақ рафта наметавонӣ.Дар роҳи Ҳақ рафтӣ, аммо агар ҳар дамАламеро, ки кашидӣ, роҳат надонӣ,Ҳатто агар ҳаёти худро ҳам набахшӣ,Ба даргоҳи васл рафта наметавонӣ.Нуру таҷаллии ҳақиқат ишқ аст,Таманнои аҳли коинот ишқ аст,Тасаннои мардони Ҳаққу абдолон ишқ аст,Бе ишқ Ҷамоли Ӯро дида наметавонӣ.Чун ишқ ояд, аз тиғаш синаат чок гардад,Агар ҷонатро сӯзонад, рӯҳат пок гардад,Ин чӣ маърифату идроки хуш бошад –Бе ишқ ба пойи Ӯ сар зада наметавонӣ.Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.