Ишқ
Ҷавоне тундмизоҷ, қалбаш оташин,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Ҷавоне тундмизоҷ, қалбаш оташин,Толиби ишқ буд, ишқ меҷуст.Гоҳ дар сафарҳо, гоҳ хонанишин,Ҷунун бар ӯ ғолиб омада, ишқ меҷуст.Аммо аз ҳиссиёт сер нагашта,«Оё воқеан муҳаббат дорам?» мегуфт.Ба зистани беишқ рози нашуда,«Оё ман ҳам одамам?» гуфта, ғам мехӯрд.Рӯзе ногаҳ ба аҳли Ҳақ дучор омад,Қалбаш равшан гашту фарёд кард:«Эй аз сирри олам ва одам огоҳ,Маро аз ғамҳо озод кунед.Ба ишқ ихлосу иштиёқ дорам,Лек ишқ дорам ё не – ҳанӯз намедонам.Кай дар дил ишқ барқарор мешавад,Кай аз муҳаббат ҷон месӯзад?»Орифи биллоҳ ором ҷавоб дод:«Муҳаббат ба дилат асар кардааст.Вагарна, Аллоҳ ин саволро бар забонатШояд намеандохт, ақаллан, ин бор.Агар медонистӣ, ки дар ишқ чӣ қадар азоб ҳаст,Шояд ин қадар муштоқ намебудӣ.Ишқро иктисоб кардан мумкин нест,Ишқро Халлоқу Раззоқ ато мекунад.Пеш аз ҳама шарти ишқи ростинро бидон –Аз шаҳвату ҳирс комилан пок аст.Агар заррае ҳирс бошад, бисӯз,Он чи ишқ пиндоштӣ, қазои балост.Ба он чи Худо додааст, қаноат кун,Ба ҳоле, ки надорӣ, чашм мадӯз.Дар оғӯши хомӯшӣ роҳат биёб,Аз ишқу иштиёқ пайваста сухан магӯ.Аммо аз муҳаббат таҷаллиҳо ҳаст,Гоҳ дар дили хаста медурахшанд.Номи он шафқату раҳмат аст, эй ёр,Туро аз зиндагӣ огоҳ мекунад.Масалан, луқмаи нодиреро гирифтӣ,Ҳангоме ки ба даҳон гузоштан мехостӣ:«Кошки фалонӣ мехӯрд» гуфта, истодӣ,Ин андеша хаёлатро сайд кард.Ин далолат мекунад, ки ҳанӯз одамӣ,Ин насими муҳаббати покиза аст.Модоме ки ҷон дар ғами дигарон зинда аст,Пас дар дилат нур будааст».Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.