Имон
Агар худ комил бошам, агар худ пок бошам,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Агар худ комил бошам, агар худ пок бошам,Ба тарбияи ту чӣ ҳоҷат дорам?!Ҳар гаҳ маҷрӯҳ шудам, синаам чок шуд,Ба ҳузурат омадам, бош наҷотам.Агар худро бе ту ислоҳ карда метавонистам,Магар бори ҷасади худро бар ту мениҳодам, ҷон?!Агар сухани худро бе ту дуруст гуфта метавонистам,Сарам ҳеҷ гоҳ ба пойҳоят намеафтод.Чаро акнун аз ман нафрат мекунӣ,Чаро аз бемори худ рӯ мегардонӣ?Магар бар хастагон шафқат надорӣ,Магар дар баҳорат тирамоҳ хазон мерезад?!Майлаш, аз ҳоли мо мутанаффир бош,Майлаш, бар рӯи мо дари радро бибанд.Боварӣ дорем – Худованд қабул мекунад,Ба даргоҳаш омадем рӯсиёҳу хароб.Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.