Зиндагӣ
Гуфтем баралло: духтарон комил бошанд,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Гуфтем баралло: духтарон комил бошанд,Худро худ таъмин кунанд, нагашта муҳтоҷ.Бигзор бе азоб зиндагӣ кунанд, тараллокунон,Бас аст, ки гурусна намонанд ва урён.Ҳар илме ки буд, омӯхтем, ана,Омӯхтем ба забони бегона чаҳ-чаҳ заданро.Бигзор қонунҳо дар ҳаёт тантана кунанд –Омӯхтем, ки забонро чӣ сон тез кунанд.Ороиши мӯйҳою пардози рӯйро,Чӣ гуна ноз карданро, бехато рафтанро;Суруд хонданро ҳам, навохта созро,Омӯхтем ҳатто илми роҳбариро.Майлаш, агар шавқ дошт, хӯрок пазад,Майлаш, дӯзандагӣ кунад – дар фитраташ ҳаст.Агар хоҳад, Парижу Лондонро бинад,Озод фикр кунад, ихтиёр дошта бошад.Имрӯз ӯ комила асту олима,Маҳорат ёфт-у мувофиқи замона,Вале илми ба шавҳар содиқ будан-уЗанӣ карданро намедонад, халос.Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.