Рушд – дар авҷ аст. Биноҳои боҳашамат. Одамони костюму шимпӯш. Толорҳое, ки ҳазорон нафарро ҷамъ кардаанд.…
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Рушд – дар авҷ аст. Биноҳои боҳашамат. Одамони костюму шимпӯш. Толорҳое, ки ҳазорон нафарро ҷамъ кардаанд. Нотиқон – нотиқоне, ки аз монитор кадом як нақшаҳоеро нишон дода, худро олуфтавор тутанд, ноз карда, ёзида, аз диққати шунавандагон маст шуда, дар осмони ҳафтум парвоз мекунанд. Чароғҳо. Мусиқӣ. Мӯйҳои шонакардашуда, либосҳои мезебида, қоматҳои борик, нигоҳҳои пурсалобат. Дар дарунат чизе ҷиз-ҷиз мекунад. Ногаҳон дилат гурс-гурс задан мегирад. «Кошки ман ҳам дар сафи инҳо мебудам!» Ин манзара дар видеои youtube хеле ҷаззоб ба назар мерасад. Аз даҳони ҳама ваъдаи сарват садо медиҳад: «Бой шав! Бой шав! Боз бой шав!» Гоҳ-гоҳ, масалан, калимаҳоеро, монанди ислом, уммат, мусулмонӣ мечаспонанд: «молияи исломӣ», «анъанаҳои мусулмонӣ», «молияи исломӣ он қадар мукаммал аст, ки», «агар атеист мебудам ҳам, молияи исломиро интихоб мекардам», «хизмат барои уммат»… Вале агар диққат кунӣ, дар қиёфаю намуди онҳо на ислом ва на мусулмон намоён аст. Аммо молия шояд бошад. Ҷавону самимӣ, гаранг ва хом, нопухта ва онҳое, ки бо дин нав шинос шудаанд, гӯё бовар доранд, ки бузургтарин кори ҳаёташонро мекунанд. Вале ҳар кас бояд худаш бисанҷад, ки ғами дилҳо чист: барои худ як тарозу соз; ба як палла молия, сарват, обрӯ, ташвиши дунёро гузор; ба паллаи дуюм – ки аз марг чӣ қадар метарсӣ, дар бораи охират чӣ қадар фикр мекунӣ, барои зикри Худо ва шукри Ӯ чанд лаҳзаатро ҷудо мекунӣ – ҷавоби инҳоро гузор – бо адолат баркаш-чӣ, кадом тараф вазнин меояд? Ҷавобаш на ба ман ва на ба Эшмату Тошмат ҷолиб нест, худат бидон, бас аст. Ҷавоби он дар асл нишон медиҳад, ки дар кадом тараф истодаӣ, аниқтараш бо чӣ овора ҳастӣ. Ҳаҷм ва миқдор гоҳо моҳиятро инъикос намекунанд. Ҳаҷми баланд ва миқдори зиёд маънои онро надорад, ки моҳият ҳамон қадар баланд ва пок аст. Чуноне ки сухани печдарпеч ва бо истилоҳоти гуногун ороёфта ҳамеша ҳам ҳақиқатро инъикос намекунад. Онҳое, ки дар саҳнаанд, он зотҳое, ки дар зебу зинат печидаанд, бо ин видеоҳояшон танҳо бозор мекушоянд, халос. Тамошои онҳо аз растаи бозор фарқ надорад. Чунин растаҳо хоси онҳо танҳо нестанд, ҳар яке аз аҳли дунё ҳар ваҷаби майдони дунёро бо чунин раста, бо паҳнкардаҳо пур кардаанд. Бо даҳон воз карда ба онҳо нигоҳ карда гаштан рӯз бегоҳ мешавад. Вақт мегузарад. «Ба сафи онҳо ҳамроҳ шавам» гуфтан арзиши худро ба замин задан аст. Ҳар кас дар ҷое, ки Худо ӯро гузоштааст, азиз аст. Чуноне ки хоҳиши паридани сангпушт барои худаш зиён аст, хоҳиши дар замин зиндагӣ кардани гунҷишк низ барои худаш ҳамон қадар хатар аст. Ҳимояи ҳар кас дар ҷойе, ки истодааст, ва дар мақоме, ки дорад, пинҳон аст. Минбаъд «тараққиёт» авҷ мегирад, маконҳое намемонанд, ки шӯълаи «рушд» онҳоро фаро нагирифта бошад, танҳо вақт лозим аст, халос. Нигоҳ доштани дилу ақл, ҷисму насл, дунёву охират, яъне аз ин сӯхтор ҷон ба саломат бурдан, балки дар ин оташ хӯроки барои худ лозимро насӯзонда пухтан акнун ба кори асосӣ табдил меёбад. Замин ҳар лаҳза метавонад шикофад, осмон ҳар лаҳза метавонад на борон, балки санг борад, шамол аз ту напурсида хокистари оламро ба осмон бод медиҳад – дар рӯйи замин ҳар қадар бино ва иморат насоз, ба баланд будани онҳо нигариста ҳар қадар маст нашав, Қуввае ҳаст, ки онҳоро дар як лаҳза нест мекунад. Дар ҳар қадар маҳфили серодам набош, ба ҳар қадар оғӯши лаззат ғарқ нашав, ба ҳар ҳол маҷбурӣ талхии танҳоиро бичашӣ, ба ҳар ҳол маҳкумӣ, ки дар занҷири заъф ҷон диҳӣ. Соҳибдилон, соҳибони ақл нишонро ба ҳамин сӯ мегиранд, аз нишон гумроҳ намешаванд. Агар дар ҷангали манораҳои осмонбӯс худро гум накунӣ, бас аст, дар акси ҳол, баъд ёфтани худ хеле мушкил аст.
Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.