БОБИ БИСТУМ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
БОБИ БИСТУМ
ИДҲО ДАР ОИЛА
Ид қисми ҷудонопазири ҳаёт аст. Худи Худо барои шодӣ кардани инсонҳо рӯзҳои муайянеро ҷудо кардааст. Барои он ки дар ин рӯзҳо ҷисм мутлақо озор накашад, рӯза доштан низ дар ин рӯз манъ шудааст. Яъне мо дар бораи идҳои Рамазон ва Қурбон сухан мегӯем. Идҳоро бояд хуб ҷашн гирифт.
Моҳияти ид шодӣ кардан ва шодӣ тақсим кардан аст. Бузургтарини шодиҳо – дидор аст. Мувофиқи мақсад аст, ки дар рӯзи ид аъзои оила дар ҳар гӯшаи дунё бошанд ҳам, ҳар қадар кори муҳим дошта бошанд ҳам, дар ҳузури падару модар ҳозир шаванд.
Дар ид ба андозае ба якдигар тӯҳфа омода кардани ҳама амали зебост.
Албатта, беҳтарини туҳфаҳоро бояд ба падару модар, сипас ба фарзандон кард. Инчунин дар ид, албатта, ёд кардани устодон ҳам шарт аст. Дар ин рӯз гиламандиҳо фаромӯш мешаванд, кайфият вайрон карда намешавад, ҳама ба якдигар бо табассум менигаранд, дастурхон зебо оро дода мешавад.
Дар ин рӯз шодӣ кардан, шӯху шодон гаштан, бекор кардани ҷазоҳоро ҳар кас бояд бар худ воҷиб гардонад. Дар рӯзи ид на танҳо ранҷондани якдигар ва ба якдигар сухани бад гуфтан, балки ҳатто бо чашми ғазаболуд нигаристан манъ аст. Инро бояд гуноҳи бузург донист.
Он гоҳ ҳама ҷоро кайфияти идона фаро мегирад. Аз дилҳо ташвишҳои ҳаёт дур мешаванд. Меҳру муҳаббат, некӣ ва накӯкорӣ одамонро муттаҳид мекунад.
Инсоне, ки ид надидааст, як умр бадбахт зиндагӣ мекунад. Кӯдакон бояд ид бинанд, ҳатто дар вақтҳое ки ҷанг меравад, одамон бояд ид карда тавонанд.
Дар баъзе ҳолатҳо, агар марг ба рӯзи ид рост ояд, маъқул аст, ки пас аз азо ва мотам иди аз даст рафтаро баъди гузашти чанд вақт ҷашн гиранд.
Дар рӯзи ид модарон фарзандонашонро намезананд, падарон ҷазо намедиҳанд, ҳама танҳо бо сухани нек якдигарро дуои хайр мекунанд. Дуоҳо карда мешаванд. Табассумҳо тақсим мешаванд.
Дар ид ҳама чиз идона бошад – ҳама либосҳои навашонро пӯшида, ороста шаванд. Барои он ки дар рӯзи ид бо ягон кор ба ҷое, масалан, ба мағоза ё бозор рафтан маҷбур нашаванд, чизҳоро пешакӣ харида мегузоранд.
Он гоҳ ҳама аз дидори якдигар баҳраманд гашта, дилҳо аз меҳру муҳаббат сероб мешаванд.
Албатта, ид баҳона карда, машрубот нӯшидан мумкин нест, зеро оқибати он ҳамеша бадӣ меорад. Ба исроф роҳ дода намешавад, хӯрокҳо зоеъ карда намешаванд, аз ҳад гузашта намешавад, ҳама аз корҳое, ки гуноҳ ва айб ҳисоб мешаванд, дур меистанд.
Ид воситаест, ки мубориза барои ҳаёт ва кор кардан барои зиндагиро осон мегардонад. Василаест, ки дилҳоро ба ҳам пайванд мекунад ва гиламандиҳоро дур месозад.
Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.