БОБИ НӮЗДАҲУМ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
БОБИ НӮЗДАҲУМ
МАРГ ВА МОТАМ ДАР ОИЛА
Марг дар пешонаи ҳар кас навишта шудааст. То чашм пӯшида кушоем, охири умр ба наздамон мерасад. Чӣ гуна ки меваҳои пухта мерезанд, мо низ ҳамин гуна мерезем. Ба дард табдил ёфтани роҳатҳо ва ба азоб табдил ёфтани лаззатҳо ҳақиқатест. Касе мекӯшад, ки аз ин зиндагӣ бештар лаззат барад, касе мехоҳад бештар бархурдор шавад. Ҳар гуна сарвату мартаба, иззату эҳтиром, қувват ва қудрат бо марг рӯ ба рӯ мешавад. Қадҳои рости бардам камон мешаванд, чеҳраҳои софу равшан чун коҳ зард мегарданд. Чашмони дурахшонро туман фаро мегирад, қоматҳое, ки дилро ба таппиш меоварданд, пажмурда мешаванд. Одами мусулмон медонад, ки бо марг ҳама чиз ба поён намерасад, баръакс, баъд аз марг ҳама чиз оғоз мешавад.
Одами мусулмон бовар дорад, ки пас аз он ки махлуқе бо номи рӯҳ танро тарк мекунад, зиндагӣ дар маконе абадӣ ва аз чашм ноаён идома меёбад. Одами мусулмон ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳи мурдаро эҳтиром мекунад. Аз ҳамин ҷо дар оила корҳои мотам ва таъзия ташкил карда мешаванд. Агар маълум шавад, ки одам ҷон медиҳад, ба даҳонаш об мечаконанд. Наздикон рӯ ба ӯ нишаста, калимаҳои имонро мегӯянд. Дар сари одаме, ки ҷон доданаш яқин аст, сураи Ёсин хонда мешавад.
Пас аз ҷон додан чашмонаш пӯшида мешаванд, пойҳояшро ҷуфт карда, зич мебанданд, манаҳашро бо матои мулоим – рӯймолча ба сараш якҷоя баста мемонанд, баъд хабар дода мешавад. Ҳангоми хабар додан дар бораи шахси даргузашта на «мурд», балки «аз олам гузашт», «ба раҳмати Ҳақ пайвастааст», «бандагӣ кардааст», «бандагиро ба ҷо овардааст» барин ибораҳо истифода мешаванд.
Оилаи мусибатзадаро бояд фавран бо ёрии хешовандон ва дӯстон иҳота кард. Масъалаи ғассол, шахсе, ки намози ҷаноза мехонад, ва гӯрков зуд ҳал карда мешавад.
Вақте ки дар оила касе мемирад, албатта, табиист, ки ба дилҳои дигарон андӯҳ ва ғам меояд. Мумкин нест, ки инсоне, ки наздикашро аз даст додааст, як мӯяш ҳам наҷунбад. Албатта, қабул кардани он ки мусибат аз Худост, талаби имон аст. Тарзи дигар будани он ҳаргиз ба эътиқод рост намеояд. Аммо вақте ки як инсони наздик ба хок медарояд, аз сабаби ҷудоӣ дар даруни ту чизе «чирт» карда мегусалад, худро дар ҳолати муаллақ ҳис мекунӣ. Аз як тараф азоби ҷудоӣ, аз тарафи дигар ҳис кардани он ки ту низ ба ҳамон марг дучор хоҳӣ шуд, одамро ғамгин мекунад. Нафаси маргро рухсораҳоят ҳис мекунанд ва ногаҳон ба хомӯшӣ фурӯ меравӣ.
Одами мусулмон дарди худро ба олам достон намекунад, вале худаш хуб медонад, ки дар даруни дилаш чӣ мегузарад. Дар хонадон фазои муносибе ба вуҷуд меояд: дар хонадоне, ки мурда баромадааст, ҳама пичиррос зада гап мезананд; на он ки касе бо овоз хандад, ҳатто табассум накардан беҳтар аст; телевизор фурӯзон карда намешавад, ба интернет дохил намешаванд, ба эҳтироми марҳум хомӯшӣ нигоҳ дошта мешавад, барои марҳум зикрҳое чун таҳлил, тасбеҳ, истиғфор гуфта, савобаш бахшида мешавад.
Калимаи таъзия аз «азият» баромадааст. Онҳое, ки ба хонадони мотамзада меоянд, таъзия изҳор мекунанд: дар бораи шахси даргузашта суханони нек гуфта мешавад, хислатҳои зебояш ёд карда мешаванд, «Худо сабр диҳад», «ин коре аст, ки ба сари ҳамаи мо меояд», «Аллоҳ гузаштагонро раҳмат кунад» гуфта мешавад.
Дар азахона сухани дунё гуфта намешавад, беш аз зарурат гап зада намешавад, ҳамсояҳо низ ба ин қоида қатъиян амал мекунанд. Як бор шоҳиди воқеаи бад шуда будем: дирӯз дар як хона инсоне аз олам гузашта бошад ҳам, ҳамсояаш имрӯз тӯйи пуршукӯҳ кард, дар як тараф ҳама ба таъзия меомаданд, вале дар ин тараф навозандагон бо садои баланд соз менавохтанд, сарояндагон фарёдзанон суруд мехонданд. Ҳанӯз намедонам, ки чунин беадабиро нисбат ба соҳибони андӯҳ бо кадом калима тавсиф кунам.
Кайфияти аза се рӯз нигоҳ дошта мешавад. Дар ин рӯзҳо, мувофиқи урфи халқамон, дар хонае, ки мурда баромадааст, хӯрок ҳам пухта намешавад. Ҳамсояҳо хӯрок меоранд. Оташ афрӯхтан ва хӯрок пухтан ба дили инсони дар ҷудоӣ монда намеғунҷад.
Дар давоми се рӯз ба кор намераванд. Ҳама дар хона нишаста барои марҳум зикр мегӯянд, Қуръон тиловат мекунанд, намози нафл мехонанд ва савобашро мебахшанд, инчунин касонеро, ки ба таъзия меоянд, қабул мекунанд.
Дар вақти мотам аз ҳад гузаштан, фарёд зада гиря кардан, рӯй харошидан, овоз баровардан ҳаргиз кори хуб нест. Дар ҳар ҳолат одам набояд аз ҳад гузарад ва бояд худро ба даст гирад.
Ғами марг бузург аст, бори ҷудоӣ аз он ҳам бузургтар, ин ду алам дили ҳар як аъзои оиларо месӯзонад, маҳз дар ҳамин вақт омада таъзия изҳор кардан, дилҷӯӣ кардан кори бисёр ҷиддист. Ҳар қадар одамони бештар барои таъзия биёянд, ҳамон қадар беҳтар – паси сар кардани ғам осонтар мегардад.
Набояд онҳоеро, ки оиларо тарк кардаанд, фаромӯш кард. Ҳар як инсон бояд марҳумони гузаштаро ёд кунад, ҳамеша ба рӯҳи онҳо савоб бахшад. Ин корро бояд ҳар рӯз анҷом дод. Ба ҷавонон гуфтани корҳои неки гузаштагон ва ибрат нишон додани онҳо аз корҳои зебо ба шумор меравад.
Ғам хоси инсон аст. Ба танҳоӣ бар зидди ғам мубориза бурдани инсон бисёр душвор аст. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ дӯстони ба ҷудоӣ гирифторшудаатонро танҳо магузоред. Дар ҳар вазъият корҳоятонро монда, назди ӯ равед, дар паҳлӯяш истед, барои сабук шудани ғамаш кӯшиш кунед. Баъзан на суханон, балки амалҳо кифоя мекунанд.
Ҳазрати Оиша модарамон разияллоҳу анҳо мегӯянд: «Воқеаи ифк рух дод. Тамоми олам ба чашмам торик буд. Он гоҳ як кампир ба дидани ман омад. Ҳеҷ сухани тасаллибахше гуфта натавонист, вале дар паҳлӯям нишаста бисёр гиря кард. Солҳо гузаштанд, вале ҳамдардии он кампирро нисбат ба худ ҳаргиз фаромӯш карда натавонистам». Ба инсонҳое, ки ҳамдард буданд, шону шараф бод! Худо дилҳояшонро аз ғам нигоҳ дорад!
Ба нодононе, ки ба зоҳири инсон нигариста гумон мекунанд, ки дар ӯ ҳама чиз хуб аст ва ӯ намесӯзад, Худо мисли одами ҳақиқӣ сӯхтан ва гудохтанро насиб гардонад!
Акром МАЛИК



Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.