Илми дӯстӣ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Дӯстӣ аз инсоният аст. На ҳар касе ки ба чашмат хуш ояд, дӯст мебарояд. Ин ҷаҳон пур аз бадбахтонест, ки намедонанд дӯстӣ чист. Бале, надонистани он ки дӯстӣ чист – бадбахтист.
Дар бораи одаме, ки «дӯстам» мегӯяд, инро бидон: агар вақте ки кӯмак хоста назди ӯ рафтӣ, гуфт «имкон надорам», ӯ дӯст нест. Ӯ дурӯғгӯ ва дурӯя аст. Инро барои худ бидон ва номи он дӯстро дигар ба забон магир, исмашро ба дил роҳ мадеҳ.
Дар асл, латифтарин дӯст касест, ки ҳоли дӯсташро пеш аз гуфтанаш медонад.
Бо хоинон ва дурӯяҳо аз баҳри дунё ба соҳили охират расида наметавонӣ. Ӯ каламуши киштии туст. Аммо эҳтиёт бош: худат ҳам каламуш нашавӣ.
Агар дӯстат аз кӯмак хостан аз ту шарм кунад ва дар ҳоле ки ту ҳастӣ, аз каси дигар кӯмак пурсад, аз худат норозӣ бош. Бидон, ки то чӣ андоза ношуд ва заиф ҳастӣ.
Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.