Оё касе дорӣ, ки ҳангоми афтоданат «бархез» гӯяд?
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Оё касе дорӣ, ки ҳангоми афтоданат «бархез» гӯяд? Касе, ки вақте ғам туро фаро гирад, «ҳамааш хуб мешавад» гӯяд-чӣ? Оё дар саҳрои ҳаётат касе ҳаст, ки барои аз зулматҳо берун овардани ту самимона мубориза барад? На онҳое, ки дар ҷашнҳо ош мехӯранд; якҷоя қаҳва менӯшанд; агар корашон афтад, ҷонибдорат мешаванд; қарз мепурсанд, аз ёриҳоят бо иштиҳо истифода мебаранд, балки касе, ки барои ту ғам хӯрад, ҳамдард бошад, ҳаст?.. Эҳтимоли зиёд ҷавоби «НЕ» медиҳӣ. Агар амиқтар андеша кунӣ, ҷавоби бераҳмона ҳамин аст. Фикр мекунӣ, ки ҳаст? Худи ҳаёт туро шоҳиди он мекунад, ки ҳастҳо бе асар нопадид мешаванд. Бинобар ин, ба ҳампиёлаҳое, ки атрофатро пур кардаанд, бовар накун, яъне гумон накун, ки ба онҳо такя мекунам. Метавонӣ иҷозат диҳӣ, ки онҳо ба ту такя кунанд, вале ту ба онҳо такя накун. Такя накун, меафтӣ. Дар ин олам касе нест, ки туро нигоҳ дорад. Агар бошад… пас ҳам ту ва ҳам ӯ дар миёни инсоният аз тоифаи хеле нодир, бениҳоят нодир ҳастед. Шумо бебаҳоед. Агар боқимондагон ҳама кафки маъдани гудохта бошанд, шумо худи маъданед. Вале барои чунин будан садоқат, солҳо ва озмоишҳо лозим аст.
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.