Гадое дар остонаи бое хобида гирифт. Яъне ҳар рӯз садақа мепурсид, фарқи ӯ аз дигарон ин буд, ки миқдори…
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Гадое дар остонаи бое хобида гирифт. Яъне ҳар рӯз садақа мепурсид, фарқи ӯ аз дигарон ин буд, ки миқдори муайян талаб мекард: ба ман ҳазор динор деҳ, мегуфт. Аммо бой намехост аз як дирҳам зиёд диҳад, зеро ба ҳоли гадо нигариста, ақлаш ба додани ҳазор динор иҷозат намедод. Гадо бошад, чунон сурбетӣ кард, ки бой нахост ӯро бинад, оқибат рӯзе аз рӯзҳо ба хизматгораш ҳазор динор дода гуфт: инро ба он гадо деҳ, фақат аз чашмам дур шавад. Гадо аз ба мақсад расиданаш шодмон давида рафт. Бой низ аз як сурбет халос шуданаш шукр кард ва ба ошёнаи дуюми хонааш баромад, ногоҳ аз тиреза чашмаш ба манзарае афтод: гадое, ки ҳазор тиллои ӯро гирифта буд, шитобон медавид ва ӯро тасодуфан як дузди қотил дида истода буд, дузд гумон карда, ки ҳеҷ кас намебинад, ба гадо ҳамла кард ва тиллоҳояшро кашида гирифт, гадо нахоста, ба ӯ ҳамла кард, дузд ханҷарашро рост ба дили ӯ халонда, дар як лаҳза ӯро кушт, сипас зуд беному нишон ғайб зад. Хулоса ин аст, ки Худо Зоти Ғанӣ аст. Дар баробари ин Ӯ Ҳаким аст. Ӯ Зотест, ки ҳар чӣ пурсӣ, медиҳад, аммо ба ҳеҷ кас ниёз надорад. Ӯ бо ҳикмати Худ медонад, ки ба ту чӣ лозим асту чӣ лозим нест. Ту сарват мепурсӣ, аммо айни замон фақр барои ту беҳтар аст, зеро сарват барои ту метавонад аз фақр хатарноктар бошад. Ту шӯҳрату обрӯ мехоҳӣ, вале шояд маъруф набудан барои ту фоидаовартар бошад... Ту илм мепурсӣ, шояд ҳозир надонистан ба ту муносиб аст, шояд интизор шудан лозим аст, то пас аз донистан бе амал ба шайтон табдил наёбӣ... Худо медонад, ки ба ту чӣ лозим аст ва дар вақте ки ба ту аз ҳама лозимтар аст, дар фурсате ки ту омода ҳастӣ, Ӯ ҳамон чизро ба ту медиҳад. Агар гирифтани он чиз дар қисмати ту набошад, пас розӣ бош, ҳамин барои ту беҳтар аст, зеро Соҳиби тақсимот Худост. Ҳаёт касонеро дид, ки бо сарват ҳалок шуданд, бо шӯҳрату обрӯ шармсор гаштанд ва бо илм хор гардиданд. Ҳар кӣ сабр кунад ва ба қисмати Худо розӣ бошад, ба саодат мерасад! Банда бояд коре, ки бар зиммаи ӯст, иҷро кунад — ба ӯ ибодат ва итоат, касб кардан барои ризқи ҳалол амр шудааст, ҳамин корҳоро кунад ва бознаистад. Инчунин ба хулқи нек амр шудаем, бахту саодати одамизод дар дунё ва охират ба ахлоқи неки ӯ мутаносиб аст. Ҳеҷ кас надидааст, ки одами бадахлоқ хушбахт ё одами хушахлоқ бадбахт шуда бошад. Ҳамаи зулмату ғамҳо аз бадии ахлоқ меоянд, на аз камии илм, бинобар ин гуфтаанд, ки аввал ахлоқ омӯхтан авлост. Шогирдони Имом Аҳмад раҳматуллоҳи алайҳ гуфтаанд: «Дар ҳузури устод 20 сол будем, 18 сол ахлоқ омӯхтем, 2 сол илм, устод вафот карданд; баъдтар армон кардем, ки кош он 2 сол ҳам ахлоқ меомӯхтем». Ҳар нафс на аз чизе, ки ба он расидааст, балки аз чизе, ки ба он нарасидааст, хайр бинад, аз чизе, ки ба дасташ омадааст, тарсад, ки василаи бадӣ нагардад! Хайр будани чизҳое, ки нафсро шод мекунанд, амри маҳол аст. Аз Худо бояд чизҳоеро пурсид, ки Худоро хушнуд мекунанд, на чизҳоеро, ки нафсро шод мегардонанд. То рӯзе он чи ба даст овардаем, ханҷар шуда ба диламон нахалад! Худоё, моро аз миёни мушкилот берун овар ва ба роҳе, ки Худат аз он розӣ ҳастӣ, раҳнамо кун!
Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.