БОБИ ЯКУМ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
БОБИ ЯКУМ ҲУКМРОНИ ОИЛА — ПАДАР
Фасли дуюм Ахлоқи падар
Падар сутунест, ки тамоми бори оиларо бар дӯш мекашад. Ӯ инро амиқ дарк мекунад. Ӯ ахлоқи писандидаро асоси аслии худ мегардонад. Падар, пеш аз ҳама, соҳиби матонат аст. Ӯ аз ташвишу машаққатҳои оила рӯ намегардонад. Мушкилоту душвориҳоро мардона бар дӯш мегирад. Барои ӯ оила ва корҳои он масъалаи ҳаёту мамот аст. Падар соҳиби ҷасорат аст. Дар ҳимояи оила аз ҳеҷ чиз наметарсад ва дудила намешавад. Оиларо ҳам ҷисман, ҳам маънан посбонӣ мекунад, агар фарзанд ба ёрӣ муҳтоҷ бошад, бебол парвоз карда мерасад; барои ҳар ҳолати хона ҷавобгар аст: бегоҳӣ дарҳоро мебандад; чароғу газро месанҷад; хатарҳои эҳтимолиро пешакӣ ҳис мекунад ва чораи ҳимоя меандешад. Падар май наменӯшад. Тамоку намекашад. Аз фаҳш ва дигар корҳои бад дурӣ меҷӯяд. Падар зулм намекунад. Падар шитоб намекунад. Падар собиру ҳалим мебошад. Падар ҳамаи аҳли оила, хусусан фарзандонашро бо диққат мушоҳида мекунад. Тағйиру рушди ҷисмонӣ ва маънавии онҳоро аз назар дур намедорад. Аз чашм, рӯй ва ранги фарзандонаш – аз ҳама огоҳ аст. Медонад, ки фарзанд кай ғамгин аст ва кай шод. Аз он ки фарзанд боғайрат аст ё танбал, ростгӯй аст ё дурӯғгӯй, ғофил намемонад. Медонад, ки табиати фарзандаш чиро дӯст медорад ва аз чӣ нафрат мекунад. Ҳис мекунад, ки фарзанд ба илм ё касб, ба кадом ҳунару соҳа рағбат дорад. Фарзандро дар назди калонсолон ва дар кӯчаву гузар ошкоро эрка намекунад, намебӯсад ва ба оғӯш намекашад. Балки бо рафтору ғамхориаш инро ба ӯ ҳис мекунонад. Фарзандро таҳқир намекунад. Хатояшро бо мулоимат мегӯяд. Ислоҳ мекунад. Барои ислоҳ кардан ёрӣ медиҳад. Сухани фарзандро гӯш мекунад. Аммо ҳар гапашро рост намешуморад, балки месанҷад, сипас ё тасдиқ мекунад, ё рад. Фарзандро ҳеҷ лаҳзае бе назорат намегузорад, вале инро заррае ҳам ба ӯ ҳис намекунонад. Агар айби фарзандро бинад, аввал ду бор огоҳ мекунад, баъд чораи ҷазо меандешад. Ғазабашро ба шакле, бисёр ба андоза, изҳор мекунад, то фарзанд донад, ки падар ғазаб ҳам дорад. Миёни падару фарзанд будани парда табиист. Падар набояд кӯшад, ки ҳамроз ва дӯсти фарзанд будани худро ошкор созад, балки бояд тамоми рӯҳияи фарзандро донад. Муҳаббати падар ҳамеша пинҳон ва зарурат аст. Яъне ба забон намеояд, изҳор карда намешавад. Дар шаклҳои муайян ва дар ҳолатҳои муайян зоҳир мегардад, ки ин табиист. Фурсати чунин ниёзро фаҳми падар дарк мекунад. Падар аз меҳнат наметарсад. Аз меҳнат канорагирӣ намекунад. Падар ғайбат намекунад, ҳеҷ касро бад намегӯяд. Падар шахси пурасрор аст, ташвишу ғамҳо, хурсандиву шодиҳояш бояд барои фарзанд сир боқӣ монад. Падар бояд барвақт бедор шавад ва тамоми оиларо бедор кунад. Падар бояд ибодатҳояшро сари вақт адо кунад, дуо гӯяд, бо бадани ҳалолу пок ва либоси тоза гардад. Падар саъй мекунад, ки ҳеҷ гоҳ, ҳатто ба иштибоҳ, узвҳои авраташ ба чашми фарзанд наафтад. Аз хурдӣ шахсияти муҳим будани фарзандро таваҷҷуҳу диққати падар ба ӯ нишон медиҳад.
Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.