Забон

Барои дурбин будан тафаккури муназзам ва равшан талаб карда мешавад. Танҳо бояд як савол дод: «Охири ин корам…

Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ

Барои дурбин будан тафаккури муназзам ва равшан талаб карда мешавад. Танҳо бояд як савол дод: «Охири ин корам… — акс

Барои дурбин будан тафаккури муназзам ва равшан талаб карда мешавад. Танҳо бояд як савол дод: «Охири ин корам чӣ мешавад?» Барои донистани ҷавоби ин савол ҳафт бор чен кардан лозим аст. Муҳимтар аз ҳама, инсон бояд мақсадашро аниқ кунад. Мақсад ба ду тақсим мешавад: мақсади мақсадҳо ва мақсадҳое ки ба он мерасонанд. Мақсади мақсадҳо маънои ғояи ғояҳоро дорад. Барои аниқтар фаҳмидани ин чунин мисол овардан мумкин аст: мехоҳам хона созам. Барои сохтани хона ба ман замин лозим аст (1); сурати хона (тарҳ) лозим аст (2); дар асоси нақшаи хона бояд заминро кобам (3); маҷбурам хоки таги ҷойи кофташударо шиббонда зич кунам (4); семент, шағал, рег мехарам (5); инҳоро омехта ба ҷойҳои кофташуда бо тартиб рехта, таҳкурсиро баланд мекунам (6); баландии хонаам чӣ қадар бошад, мувофиқи он ба ман чанд ҳазор дона хишт лозим аст (7); ба ҳашар хешовандон ва ҳамсояҳоро даъват мекунам (8); ҳама якҷоя хишт мечинем (9) — ҳамин тавр дар як рӯз девори хонаро бардошта мегирем; барои пӯшидани боми хона болор, қамиш, шифер ва ғайраро меорам (10)... Дар ин ҷо хона — мисоли мақсади мақсадҳост; корҳое ки барои сохтани он карда мешаванд — мо даҳтои онҳоро шумурдем — мақсадҳои хурде ҳастанд, ки ба он мерасонанд. Мақсади мақсадҳои хурд — хона ба шумор меравад. Яъне хона ғояи ғояҳоро ифода мекунад. Корҳое ки барои пурра сохта тамом кардани хона мекунам, низ мақсад ба шумор мераванд ва бе иҷрои онҳо ба мақсади асосии худ расида наметавонам. Тасаввур мекунам, ки дар сӣ рӯз хона месозам. Нақшаи корҳоеро ки ҳар рӯз мекунам, навиштам. Субҳ бошад, бекайфият бедор шудам. Аз ҷоям хестан нахостам. Ҳамин тавр вақти пешин шуд. Кори рӯзи аввалро иҷро накардам, гуфтам, ки пагоҳ мекунам. Субҳи дигар бо кайфияти хуб бедор шудам-у, илҳомам наомад; аз ин рӯ интизори омадани илҳом шуда вақт гузарондам. Рӯзи баъдӣ ҳам илҳомам, ҳам кайфиятам ба ҷояш буд, вале ба сабаби ду рӯзи аз даст рафта ҳафсалаам пир шуд. Рӯзи дигар бо як рӯҳбаландӣ гуфтам, ки ҳамаашро моҳирона анҷом медиҳам-у, андаке кор карда партофтам, баҳона пайдо шуд — ёру дӯстонам даъват карда бурданд... Аз он сӣ рӯз гузашт, нақшаам амалӣ нашуд, хона сохта нашуд. Вале ҳамсояам ҳам айнан мисли ман нақша кашида буд ва хонаи ӯ бошад, тайёр шудааст. Маълум мешавад, ки барои мақсади калон бояд мақсадҳои хурдро амалӣ кард. Коре ки дар вақташ карда нашавад, фардо ба бори вазнин табдил меёбад — ба кори мондагӣ барф меборад. Одами доно ва оқил кист? Одамест, ки ҳамеша ба сӯи мақсадҳои дарозмуддат талош мекунад ва корҳои дар ин роҳ банақшагирифтаашро ҳар рӯз бешитоб иҷро менамояд. Меҳнати ӯ имрӯз самар намедиҳад, вале фардо ӯ аз ҳама натиҷаи калонтар ба даст меорад; ягона бурди ӯ — мақсадро муайян кард; барои расидан ба он мақсадҳои хурдро аниқ кард; ҳар рӯз корҳои нақшавиашро иҷро кард, бознаистод. Дар ин ҳол на рӯҳафтодагӣ ва на танбалӣ ӯро боз дошта натавонист.

Акром МАЛИК

1 810бор дида шудааст

Шарҳҳо

    Мақолаҳои дигар

    БОБИ ҲАШТУМ

    ХОНАДОНИ ХУСУР Фасли якум Масъалаҳои умумӣ Дар давраи шӯравӣ барои пора-пора кардани арзишҳои кӯҳна корҳои низомманд ва мақсаднок бурда мешуданд. Ҳадафи нахустин оила буд. Агар…

    5 дақ.

    Дар ҳаёти инсон сухан бисёр аҳамиятнок аст. Ҳар яке аз одамони ғолиб касоне буданд, ки ба сухани худ эътибор…

    Баъзе қоидаҳои сухан гуфтанро зикр мекунем. Якум, матлуб аст, ки кас дар бораи чизе ки медонад сухан гӯяд. Дар бораи он чи намедонад гуфтан обрӯи одамро мерезад. Дуюм, кас сухани…

    2 дақ.

    БОБИ ҲАФТУМ

    ЗАНУ ШАВҲАР Фасли чорум Ахлоқи зан Ҳоло баъзе «доно»-ён даҳон кафк карда мегӯянд: «занон аксар вақт ба зулми шавҳаронашон гирифтор мешаванд, эй занон, ба зулм тоқат накунед». Дар…

    6 дақ.

    Ворид шудан ба сайт

    Барои гузоштани вокуниш, навиштани шарҳ ва нигоҳ доштани танзимот ворид шавед.

    Бо идома додан шумо бо созишномаи корбарӣ ва сиёсати махфият розӣ мешавед.