Дар ҳаёти инсон сухан бисёр аҳамиятнок аст. Ҳар яке аз одамони ғолиб касоне буданд, ки ба сухани худ эътибор…
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Дар ҳаёти инсон сухан бисёр аҳамиятнок аст. Ҳар яке аз одамони ғолиб касоне буданд, ки ба сухани худ эътибор медоданд. Ҳамаи мағлубон касоне буданд, ки ба сухани худ бепарво менигаристанд. Ҳар кӣ сухани худро қадр кунад, ӯро ҳама қадр мекунанд. Ҳар кӣ сухани худро поймол кунад, зери пой мемонад. Номи «сергап» нохушояндтарин ном аст. Сифати «камгап» яке аз беҳтарин сифатҳост. Баъзе қоидаҳои сухан гуфтанро зикр мекунем. Якум, матлуб аст, ки кас дар бораи чизе ки медонад сухан гӯяд. Дар бораи он чи намедонад гуфтан обрӯи одамро мерезад. Дуюм, кас сухани донистаашро ҳам дар ҷои аз ҳама лозимтар гӯяд. Баъзан ҳақиқат ҳатто сабаби зулм мешавад. На ҳама адолат ва раҳмат дар ин дунё бо ростгӯӣ ба вуҷуд меояд; дурӯғ дар баъзе ҳолатҳо ба некӣ хизмат мекунад. Аз ин рӯ ба мақсад мувофиқ нест, ки инсон «сухани рост мегӯям» гуфта, ҳар гапро гуфта равад. Сеюм, инсон ба воситаи эҳтиёт кардани шаъни дигарон шаъни худро эҳтиёт мекунад. Беҳтар будааст, ки аз суханоне ки обрӯи одамонро ба замин мезананд, худдорӣ шавад. Ғамхории ҳақиқӣ ба инсонҳо дар он будааст, ки бо забон дили онҳоро наёзорӣ ва қадру қиматашонро ба замин назанӣ. Чорум, ба саволи пурсидашуда ҷавоб додан ва ба тафсилоти зиёдатӣ нагузаштан фазилати хуб ба шумор меравад. Панҷум, агар одам ҳатто риояи фарзанди худро ҳам карда, хуб гап занад, бурд мекардааст. Гуфтани «фалонӣ ба ман наздик-ку» ва ба забон озодӣ додан ба ҷудоӣ аз наздикон меорад. Бо сухан морро аз лонааш баровардан мумкин будааст; пас, бо каломи зебо ва пурмаъно дилҳо забт мешаванд, мақсадҳо ҳосил мегарданд. Шашум, дар таҷриба хулқе зеботар аз ҷавоб надодан дар баробари касоне ки сухани таҳқиромез ба кор мебаранд, дида нашудааст. Агар касе инсонро бо айбҳои гуногун ҳақу ноҳақ айбдор карда, тири суханон борон кунад, хомӯшона он ҷоро тарк кардан оқилонатарин роҳи ҳал будааст. Зеро ба ҷоҳил сухани хуб кор намекунад; сухани бад бошад, хилофи хулқи зебост. Шашум, ҳайбате бузургтар аз хомӯш монда тавонистан дар баробари маломату айбдоркуниҳои бисёр кашф нашудааст. Ахлоқе бузургтар аз хомӯш гузаштан аз суханони беасос ёфт нашудааст. Манзарае ғамангезтар аз гапҳои зиёдатӣ, худнамоиҳои сохта, «ақлу илмамро бубинед» гуфта лаққидан нест. Агар сухан танҳо дар лаҳзае ки зарурат ба шумор меравад ба кор бурда шавад, хеле зуд ба мақсад мерасонад; агар бе зарурат ба кор бурда шавад, дар вақти ниёз аз сухан фоида намеояд. Касе ки соҳиби сухани худ аст, соҳиби худ мебарояд, яъне ба ҳеҷ каси дигар сар хам намекунад. Сухане ки аз забон барояд, ё душман аст, ё дӯст. Агар беҳуда садо диҳад, азбаски исроф шудааст, душмани туст; агар дар ҷои лозимӣ ба кор бурда шавад, сухан умрбод дар хизмати туст.
Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.