Ишқ
БА ОШИҚОН
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Дӯст доштӣ? Ба сӯхтан розӣ шаву дӯст дор,Ба аз худ гузаштан розӣ шаву дӯст дор.Ҷанозаатро хонда, аввал бимиру дӯст дор,Вагарна, дар аланга истода наметавонӣ,Дар ин роҳ чун саг аккос зада наметавонӣ.Ҷисматро ба тобут андохта бифирист, дӯст дор,Ба худ ном ниҳода: ҳақир, ғубор, дӯст дор,Ба сарат ҳадя кун: кунда ва дор, дӯст дор,Вагарна, ҳангоми сӯзондан нолаат мебарояд,Аз лабонат оҳ гуфта шикваат мебарояд.Ёр ҳамеша ба бегона илтифот мекунад, дӯст дор,Ҷигари туро бошад, бе тиғ мебурад, дӯст дор,Боз ҳолатро дида шодон механдад, дӯст дор,Охир, ғайр аз ин ишқ ҳам нест-ку, дӯст,Ишқ тири заҳрнокест, ки ба дил халидааст, дӯст.Ёр «туро дӯст доштам» гуфта, вафо намекунад, дӯст дор,Вафо кунӣ, ғайр аз ҷафо намекунад, дӯст дор,Ба ту хато карда ҳам нимнигоҳ намекунад, дӯст дор,Охир, ғайр аз ин роҳе дода нашудааст,Бе чунин азобҳо роҳ паймуда нашудааст.Ёр туро қатл мекунад, мақтул шаву дӯст дор,Ёр ба ту зулм мекунад, мақбул дону дӯст дор,Ёр бар ту ҳукм мекунад, банда шаву дӯст дор,Ин бандагӣ аз шоҳӣ афзалтар аст,Бо ин қатл ишқ мукаммал мегардад!Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.