Имон
Гумроҳ шудам. Гумроҳ шудам. Хатоҳо кардам.
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Гумроҳ шудам. Гумроҳ шудам. Хатоҳо кардам.Сарамро ба каманди суханҳо андохтам.Оқибат, сӯи Ту урён омадам,Санги иқрорамро ба шикам бастам.Султони санъати сухан гаштам,Дар занҷири хомӯшӣ бандаам кун, Худоё.Заҳри шону шӯҳратро сер-сер нӯшидаам,Акнун дар гумномӣ гӯр кун, ҷоям ҳамин будааст.Дар кадом саҳроҳо маҷнун саргардон гаштам,Дар кадом кунҷҳо гуноҳ гузоштам…Имрӯз барои раҳоӣ аз балоҳоАз гирдбоди суханҳо, Раббам, паноҳ деҳ!Аз худам, ки ба ман зулм кард, азобҳо дод,Беҳуда азият дод, раҳоям кун.Аз сухане, ки бар рӯҳам аз нифоқ зиндонҳо сохт,Аз сухани пур аз дурӯғам раҳоям кун!..Чаро ба сухан гуфтан ҷуръат кардам!Чаро аз минбарҳо мақом ҷустам!Минбаъд сухани Ту басанда аст-ку,Маро комилан бандаи каломат гардон!..Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.