БОБИ ДАҲУМ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
БОБИ ДАҲУМ ИҚТИСОДИ ОИЛА
Ҳар як оила бояд масъалаи молияи худро худаш ҳал кунад. Дар ин олам ҳаловате монанди ба даст овардани ризқ бо меҳнати ҳалол нест. Ду масъалаи марбут ба ризқро ҳал карда гирифтан зарур аст: 1) ризқ аз Худост ва Ӯ Зотест, ки бе ҳеҷ гуна сабаб ҳам ба бандагон ризқ расонда метавонад. Вале азбаски олам бар пояи сабабият истодааст, ба сабабҳои ризқ даст задани инсон итоат ва эҳтиром ба қоидаҳое ҳисоб мешавад, ки Ҳақ таоло дар олам муқаррар кардааст. Шахс амиқ ҳис карда, ки ризқ барояш муайян карда шудааст, ба сабабҳои он рӯ меоварад. Агар ризқаш фарох бошад, бо сабабҳои андак натиҷаҳои бузург ба даст меояд. Агар ризқ танг бошад, шабу рӯз давутоз кунад ҳам, шахс ҳеҷ чиз ба даст намеоварад. Ҳеҷ гоҳ аз касе нони муфт тамаъ накунед. Ин ҳолати хеле шармовар аст. Ҳеҷ гоҳ ҳаққи дигаронро бо роҳи ҳаром нагиред. Ин эътиқод дар бораи ризқ ба инсон чунин чизро меомӯзонад: пеш аз ҳама, бо ғами ризқ ҷигаратро хун накун. Бовар кун ва шубҳа накун, ки ризқат аз ҳар ҷо ба ту мерасад. Дуюм, бо гумони ризқ меёбам худро ба оташу ахгар, ба теғи Алӣ назан. Дар доираи имконат ҳаракат кун. Тибқи нақлҳое, ки аз пешиниён мондаанд, аз шабонарӯзат, агар зиёд равад, ҳашт соаташро ба меҳнат барои ёфтани ризқ сарф кун. Боқимондаашро ба оилаат, ба илм, ба ибодат ҷудо кун. Бобаракаттарин қисми рӯз – субҳ аст. Як соат пеш аз тулӯи офтоб ба ибодат тайёр шав, баъд ибодат кун, сипас бо тиловат ва зикр машғул шав, корҳои асоситаринро дар ҳамин соатҳо анҷом деҳ. Қувват кофӣ мешавад. Агар имкон бошад, аз соати 10:00 то 11:00 хоб кардан лозим аст. Баъд боз ба корҳои лозима машғул мешаванд. Беҳтар аст, ки ҳар рӯз дар як вақт, дар соатҳои муайян хоб кунем ва дар соатҳои муайян кор кунем. Дар дасти мо телефоне ҳаст, ки онро «чашми Даҷҷол» тавсиф кардаанд. Агар ҳамин чизро лаҷом занем, олам гулистон аст. Кошки ин нобакорро ҳар рӯз аз соати 08.00 то соати 20.00-и шом истифода бурда, баъд аз он ҷудо мешудем! Бештар тӯрро (интернетро) дар назар дорем. Ҳашт соат. Тамом. Набояд як соат ҳам илова кард. Як дақиқа ҳам. Вале дар ҳамин ҳашт соат бояд аз таҳи дил кор кард. Он гоҳ ҳама чиз ба ҷояш хоҳад буд, насиб бошад. Ҳамин тавр, дар бораи соатҳои корӣ ва ризқ донистем. Акнун асоси дуюми оқилона ҳал кардани молияи оила ба машварат вобаста аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳамёни аъзои оила як бошад. Модоме ки дар оила як дег меҷӯшад, ҳамён ҳам як бошад. Ҳама бояд пули ёфтаашро ба падар супорад.
чизҳое ҳастанд, ки хароҷоти калон ва хурд номида мешаванд. Хароҷоти хурдро модар ҳам идора мекунад, вале хароҷоти калонро ҳатман бояд падар ҳал кунад. Агар оила ҷавон бошад, зану шавҳар бояд нишаста, саволи «дар ҳаёт ба мо аз ҳама чӣ лозим аст?»-ро ба миён гузоранд. Пас аз он ки маълум шуд, ки хӯрокворӣ, либосҳо, асбобу анҷом кофист, бояд ба мувофиқа оянд, ки чизи зиёдатӣ нахаранд. Беҳтар аст, ки одам худро аз он нигоҳ дорад, ки ба зебо пӯшонда шудани лӯхтакҳои мағозаҳои шаҳр оби даҳонашро рехта нигоҳ карда, латтаҳои нав харад, инчунин аз хӯрокҳои гуногуни кӯчагӣ ва ошхонаҳо худдорӣ намояд. Ба ҳамин тариқ, бояд ба ҷамъ кардани пул шурӯъ карда, аз пасандози умумӣ бо эҳтиёт ва бо нақша амал кард. Чуноне ки сӯрохи хурд донаи даруни халтаи калонро рехта метавонад, ба хароҷоти майда бояд хеле ҷиддӣ нигарист ва ба хароҷоти майдаи нолозим ҳатман роҳ надод. Чароғе, ки бе зарурат даргиронда мондааст, обе, ки ҷорӣ мондааст, асбобе, ки бо бепарвоӣ шикаста шудааст, матои даридашуда, картошкаи ғафс пӯсткандашуда, равғане, ки аз лозимӣ зиёд ба дег андохта шудааст, чойи хушки рехташуда, хӯрокҳое, ки зиёд монда турш мешаванд, ноне, ки хушк шуда партофта мешавад, хамираи дандоне, ки то охир истифода намешавад – ҳамаи инҳо исроф ном доранд ва ин корҳо пояи қашшоқианд. Ҳар кӣ ба инҳо бепарвоёна нигарад, номаш аблаҳ аст. Ҷоҳил аст. Дар оила орзуву ҳаваси зан зиёд аст. Тиллою либоси гаронбаҳои зани дигаре, ки дар кӯча мегардад, ба ӯ алам мекунад. Аз ин сабаб зани оқила ба шавҳараш итоат карда, ба чунин васвасаҳои шайтон ва нафс фирефта намешавад. Пулро сарфа карда, бодиққат харҷ мекунад. Агар зан пулро сарфа накунад, дар рӯзғор барака намешавад. Пеш аз он ки барои чизе пул сарф кунед, бояд ба саволи «оё он лозим аст?» ҷавоби аниқ ёбед. Асоси барака – покизагӣ. Пок нигоҳ доштани хона ба барака ва фаровонӣ дар мекушояд. Ҳамин тавр, дар бораи ҷамъ кардан ва сарфа кардани пул сӯҳбат кардем; пули сарфашуда ва ҷамъшударо дар сандуқи пул (сейф) нигоҳ доред. Беҳтар аст, ки сарвари оила – шавҳар дар бораи миқдори пули мавҷуда ба ҳеҷ кас сир надиҳад. Зан низ ҷидду ҷаҳд кунад, ки ба гурӯҳи аблаҳоне, ки бо сарват фахр мекунанд, дохил нашавад. Одаме, ки аз сабаби зиёд шудани пулаш худро бартар ҳис мекунад, ба ҳар ҷинсе, ки мансуб бошад, ба ӯ ҷуз сифати аблаҳ дигар сифате намезебад. Пулро ба чӣ бояд сарф кард? 1. Барои илм омӯхтан ба пул муҳтоҷем. Зеро илм аз китоб гирифта мешавад – китоб мехаред; аз устод меомӯзед, албатта, устод напурсад ҳам, одами боинсоф ба ӯ ҳақ доданро бар худ воҷиб медонад. Қашшоқон ва беинсофони сахт гумон мекунанд, ки илмро муфт мегиранд. 2. Агар хона надошта бошед, онро ба харидани хона, аниқтараш ҳавлӣ равона кардан кори дуруст аст. Дар асл, барои зиндагии инсон маконе беҳтар аз ҳавлӣ ёфт намешавад. 3. Ароба, яъне мошин. Дурро наздик мекунад, агар зарурат пеш ояд, «нон медиҳад». 4. Сармоя барои ояндаи фарзандон. Барои таҳсили фарзанд ва хароҷоти он пул лозим аст. 5. Барои хизмат ба падару модар, бо тӯҳфаҳои гуногун шод кардани онҳо низ пул зарур аст. 6. Дар ёрӣ ба муҳтоҷону бечорагон пул ёрдамчии хеле хуб аст. Зиёд кардани пул на танҳо бо ҷамъ кардани он, балки бо садақа ва эҳсон низ ҳаст. Агар миқдори пул ба нисоб расад, закотро бо хурсандӣ додан ҳатмист. Масъалаи сарф кардани пул ба истироҳат низ ҳаст. Ҳоло ба хориҷа рафта истироҳат кардан мӯд шудааст. Касоне ҳам ҳастанд, ки ба ин тарғиб мекунанд. Интихоби ҳар кас ба худаш вобаста аст. Вале агар ҳар сафар мақсади аниқ надошта бошад, барои он ҳамин тавр пул сарф кардан низ кори берун аз ақл аст. Сайру саёҳат метавонад чунин сабабҳо дошта бошад: 1. Илм, яъне дар талаби илм ба диёрҳои дур сафар мекунанд. 2. Тиҷорат, яъне барои овардан ва фурӯхтани молу коллои барои диёри худ зарур ба саёҳат мебароянд. 3. Сиҳҳату саломатӣ, яъне одами бемор бо мақсади шифо ёфтан дар ҷустуҷӯи даво ба сафар мебарояд. 4. Ибодат, яъне барои ҳаҷ ё умра ба сафар мераванд. 5. Зиёрат, яъне барои гирифтани дуои бузургон ва ёд кардани гузаштагон ба мақбараҳо, турбаҳо ва қадамҷоҳо мераванд. 6. Таъқиб, яъне агар ба ҷони инсон зулму ноҳақӣ, хатар ва хавф расад, ба сафар мебароянд. 7. Хизмат, яъне барои иҷрои супоришҳои муайяни идора ё бузургон сафар мекунанд. Мо ба ин рӯйхат корро дохил накардем, ҳол он ки ҳоло аксари одамон дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷа мераванд. Агар ёфтани ризқ тамоман имконнопазир бошад, шояд сафар мумкин бошад, вале мо бо сабр ба ризқ қаноат карда, дар ватан зиндагӣ карданро афзал медонем. Бо гумони кор мекунам ба муддати дароз занро, фарзандонро танҳо гузошта рафтан ба зиндагии инсонӣ мувофиқ нест, гумон мекунам. Зеро ин мушкил ҳам ба оқибатҳои талхи маънавӣ ва ҳам ҷисмонӣ мебарад. Зебо нест, ки зану шавҳар як оила бошанду саргардон зиндагӣ кунанд ва фарзандон аз тарбия дар канор монанд. Агар бой будан, пулдор будан, сер зиндагӣ кардан дар пешонӣ навишта шуда бошад, дар ҳамин ҷо ҳам ризқ шахсро ёфта меояд. Дар акси ҳол, ба диёрҳои бегона рафта, пеш аз ҳама, имон, тақво, тарбия, саломатӣ ва оромиш зери хатар гузошта мешаванд. Зеро дар диёрҳое, ки ҳалолу ҳаромро фарқ кардан дар зеҳнияташон нест, гӯшти хук бошад ё гӯшти саг, хӯрок карда дода мешаванд ва ҳалқумро аз чунин чизҳо нигоҳ доштан мушкили хеле бузург аст. Баъдтар ҳам тамғаи «омадагӣ» ба рӯйи одам дари иззат ёфтанро мебандад. Ба ҳар ҳол, дар диёри бегона маҷбурӣ гардан хам карда зиндагӣ кунӣ. Ба мардум худро чӣ қадар бою бадавлат, пуру фаровон нишон надиҳӣ, худат медонӣ, ки дар диёри бегона сарат хам, гарданат кашида, нафасат дар синаат аст. Пас аз хӯрдани нон ва нӯшидани оби давлати бегона ба ҳама чизаш тоб меоварӣ. Аз ин рӯ, Худо туро аз диёри худ ва маҳаллаи худ ҷудо накунад. Масъалаи қарз низ ҳаст – ҳар қадар имкон бошад, аз қарз худдорӣ кардан ҷоиз аст. Қарз инсонро ғулом мекунад. Мо маҷбурем пеши қарздиҳанда хам шавем. Худо ба ҳамаи қарздорон наҷот диҳад! Бузургтарин огоҳӣ – як қатра ҳаромро ҳам ба хона ворид накунед! Як тин пули ҳаромро ҳам сарф накунед! Ҳаром ҳар ду дунёи моро хароб мекунад. Дар охири суханамон ба гапи аввалин бармегардем – оилае, ки ғуломи ташвиши ризқ нашудааст, исроф накардааст, аз тамаъ ва қарз худро нигоҳ доштааст, бо нақша сарф кардааст, агар лозим бошад, дафтари хароҷот доштааст, эҳсону садақа, қаноату шукрро лозим донистааст, бой мешавад ва ба ҳеҷ кас вобаста намегардад.
Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.