Забон

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ — акс

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ ТАЪЛИМ ВА ИЛМ ДАР ОИЛА

Илм василаест, ки ҳақиқатҳоро ба мо мефаҳмонад. Агар илм набошад, агар бо илм машғул нашавем, ҳар яки мо дар ботлоқи ҷаҳолат ғарқ мешавем. Тасаввур кунед: ҳар оила китобхон аст, ҳар оила қадри илмро амиқ дарк мекунад; ба илми худ бо ихлос амал мекунад. Илм аз рӯи мақсад ва вазифааш гуногун аст. Пеш аз ҳама, илм ба илми фоиданок ва бефоида ҷудо мешавад. Илми фоиданок мушкили шуморо осон карда, дил ва ақлро аз зулмат ба равшанӣ бароварда, ба рӯҳатон оромиш мебахшад. Илми бефоида шуморо боз ҳам ба мушкилот гирифтор карда, дилу ақлатонро аз равшанӣ ба зулмат партофта, рӯҳатонро ба ташвиш ва васваса мубтало месозад. Илми фоиданок илми амалӣ аст. Илми амалӣ ба ду қисм ҷудо мешавад: илме, ки барои муомилаи ҳаётӣ ва ҳаловати рӯҳӣ зарур аст, ва илми марбут ба касбу ҳунар. Барои муомилаи ҳаётӣ ба инсон илми адаб лозим аст. Адаб – муомилаест, ки ба ҳар кас ва ба ҳар чиз лозим аст. Илми адаб фаросат ва ақлро рушд медиҳад. Илми адаб барои ботин ва зоҳири инсон лозим аст. Адаби зоҳирӣ – сухан гуфтан, интихоби сухан, ба ҳар як одами атроф мувофиқи ҳоли ӯ рӯ овардан аст. Аввалин адаби зоҳирӣ кам кардани сухан аст, зеро тамоми бало аз бисёргӯӣ меояд. Қоидаи дуюм ин аст, ки ҳангоми гап задан танҳо сухани нек гуфта шавад. Илм дар бораи ибодатҳо илми фоиданок ҳисоб мешавад ва дар ин бора дар бахши «Ибодатҳо дар оила» сухан хоҳем ронд. Адаби ботинӣ илми пок кардани дил ва хаёл аз хаёлҳои бад аст. Ин илм барои халос шудан аз чизҳое, монанди гумони бад бурдан дар бораи одамон, андешаҳои шаҳвониву ҳайвонӣ рондан, зарур ҳисоб мешавад. Илмҳои марбут ба касбу ҳунар аз он иборатанд, ки инсон бо ҳар касб ё ҳунаре машғул бошад, бояд илми ҳамон соҳаро амиқ ва ҳаматарафа донад, инчунин, дар ин бобат ҳаргиз аз васеъ кардани маҳорат ва маълумоти худ бознаистад. Истеҳсолот, хизматрасонӣ ва ҳар соҳаи дигаре, ки бошад, шахс бояд илмҳои онро хуб аз худ карда, дар амал татбиқ намояд, ки ин барои ӯ ҳатмист. Илмҳои марбут ба касбу ҳунар барои зиндагии моддии инсон заруранд, аз ин рӯ, аксари одамон дар ин масъала ба душвориҳои хеле ҷиддӣ дучор намешаванд, вале дар ҳолати пок ва бо ҳаловат нигоҳ доштани дил ва олами дарун, доимо бо тафаккури фоиданок банд кардани ақл барои бисёр одамон душвории хеле калон пеш меорад. Чуноне ки одамизод ҳар рӯз ба таом ва об, инчунин ба покизагии ҷисмонӣ ниёз дорад, ба ғизо додани рӯҳаш низ эҳтиёҷманд аст. Ниёзи рӯҳ бо илму маърифат қонеъ мегардад. Аз ин рӯ, одамизод бояд доимо ба илмҳо, китобҳо, мутолиа ва суҳбатҳое рӯ оварад, ки ба инсонияту некӣ даъват мекунанд ва аз ваҳшигариву бадӣ бозмедоранд. Модоме ки ҳар рӯз ҳадди ақал се маротиба ба таом ва ду маротиба ба шустушӯ зарурат ҳаст, ба илмомӯзӣ ва суҳбатҳои маърифат низ на камтар аз ин дараҷа таваҷҷуҳ зоҳир кардан лозим аст. Барои қувват ва роҳати бадан таоми поку ҳалол, оби ширину зулол медиҳем; агар хӯроки нопоку ифлосро ба ҷисмамон ворид кунем, албатта, ба беморӣ гирифтор мешавем. Аҷибаш ин ки аз вуҷуди инсон бӯйи чизҳои хӯрдааш мебарояд. Агар хук хӯрад, бӯйи хук, агар саг хӯрад, бӯйи саг; агар арақ нӯшад, бӯйи арақ; агар гулоб нӯшад, бӯйи гулоб мебарояд. Бӯйи аслии гӯсфанд хуш аст, танҳо агар зери онро тоза накунанд, наҷосат зиёд шуда, гӯсфанд болои он хобидан гирад, гӯшти гӯсфанди зинда бӯй мегирад. Аз ҳамин сабаб аз пӯсти одаме, ки гӯшти гӯсфанд хӯрдааст, бӯйҳои хуш паҳн мешавад. Модоме ки илму маърифат, китобу мутолиа, суҳбату дидор ғизои дил аст, поку ҳалол будани ин ғизо низ муҳим аст. Чуноне ки таом аз даҳон ба ком, аз ком ба гулӯ, аз гулӯ ба даруни бадан мефарояд, илму маърифат аз роҳи чашм ва гӯш ба дил роҳ меёбад. Ба даҳон ҳар чизро тиққондан мумкин нест, ба чашму гӯш низ ҳар чизро рехтан хуб нест. Чуноне ки таоми нопок ба меъда афтода, бадани инсонро ба ҳолати вазнину суст меандозад, сухани нопок ва тасвирҳои нопок низ дилро ба ҳамин гуна азоб гирифтор мекунанд.

Чуноне ки таомҳоро омехта карда хӯрдан намешавад, хондан, шунидан ва дидани чизҳои маъноашон ба ҳам зид низ, табиист, ки дил ва хаёлро парешон мекунад. Азбаски бадани мо ҷисм аст, заҳри дар он буда зуд худро нишон медиҳад, вале азбаски дили мо латиф ва ба чашм нонамоён аст, илми заҳрнок ва маълумоти бефоида ногаҳон ба мо эҳсос намешавад; лекин шубҳае нест, ки ҳамлаи ин чизҳо худро дер интизор намекунонад: рӯҳафтодагӣ, ғами бесабаб, ҳасад, васваса, ташвиш, танбалӣ, пастии зеҳн, ҷамъ карда натавонистани хаёл, парешонхотирӣ ва як қатор иллатҳои маънавӣ маҳз натиҷаи ҳамин заҳрҳоянд. Ҳатто ин заҳрҳо ба вуҷуд таъсир мерасонанд, зеро рӯҳ дар ҳар ҷойи вуҷуд ҷойгир аст ва заҳре, ки ба рӯҳ афтодааст, тамоми вуҷудро пахш мекунад. Рӯҳ аз ин заҳр раҳо ёфта натавониста, чун мурғе, ки дар қафас худро ба панҷара мезанад, худро ба ҳар тараф мезанад ва дар ҳамин лаҳза инсон ба рӯҳафтодагӣ ва бекайфиятӣ гирифтор мешавад. Аз ин бармеояд, ки мо бояд аз ҳар гуна сухан ва тасвире, ки барои дилу ақли мо заҳрнок аст, парҳез кунем. Ҳамаи ин суханони мо дар бораи аҳамияти илм ва моҳияти он, мақоми он дар ҳаёти инсон буд, акнун дар бораи он гап мезанем, ки чӣ тавр дар оила илмро ба роҳ мондан мумкин аст. Аҳли илм нисбат ба шумораи умумии ҷомеа хеле каманд. Мутаассифона, мардум ҳеҷ гоҳ аҳли илмро сазовор қадр накардаанд, баръакс, ба онҳо озору азият мерасонанд. Аз ин рӯ, кори аввалини оила – қадр ва эҳтиром кардани аҳли илм аст. Кори дуюм, масалан, моҳе як маротиба як аҳли илми боэътимод ва некамалро ба хона даъват карда, якҷоя бо фарзандон аз ӯ илм омӯхтан аст. Аз устод хоҳиш карда мешавад, ки аз илмҳое, ки барои тарбия ва ақлу фаросати мо заруранд ва адабу инсониятро меомӯзонанд, ба мо бирасонад; устод ба хона даъват мешавад, меҳмон ва икром карда мешавад, баъд падар ва фарзандон ҷамъ шуда менишинанд, устод ба онҳо як соат китоб мехонад ва саволу ҷавоб мекунад. Барои ин хизмат ба устод тӯҳфаи хубе додан ва бо суханони нек дилашро шод кардан лозим меояд. Кори сеюм ин аст, ки албатта, дар хона бояд китобхона бошад. Аз китобҳои хубу нав харидан, хондан ва дар ҳузури устод онҳоро муҳокима карда, маъноашро кушодан лозим аст. Албатта, ба таҳсили фарзандон, дарсҳои мактабашон низ назар карда мешавад, агар мушкиле дошта бошанд, осон карда мешавад. Бо супурдани кӯдак ба репетитор ё маркази таълимӣ кор анҷом намеёбад, бинобар ин тавсияе, ки мо медиҳем, иншоаллоҳ, тавсияи пухтаест, ки натиҷаи амалӣ медиҳад. Ғайр аз ин, бояд ба чорабиниҳо ва суҳбатҳои хуби илмие, ки дар шаҳр мегузаранд, рафт. Ҳар ҷо, ки аз илм сухан равад, албатта, бояд баҳраманд шуд. Бешубҳа, дар ин ҷо мо дар бораи илмҳои фоиданок сухан мегӯем. Агар чунин кор карда шавад, агар ҳар оила ба ин одат кунад, албатта, илм одамонро азиз мегардонад, ахлоқашонро зебо мекунад ва барои боинсофу диёнатнок, босабру матонат будани онҳо хизмат мекунад.

Акром МАЛИК

1 910бор дида шудааст

Шарҳҳо

    Мақолаҳои дигар

    БОБИ ЁЗДАҲУМ

    ХӮРОКХӮРӢ, САЛОМАТӢ ВА ТОЗАГӢ ДАР ОИЛА Саломатӣ ва покизагӣ ҳамеша паҳлӯи ҳамдигаранд. Дар оила ҳифзи покизагӣ ва саломатӣ ба ҳам пайванди ногусастанӣ дорад. Табиист, ки боз як…

    7 дақ.

    БОБИ ДАҲУМ

    ИҚТИСОДИ ОИЛА Ҳар як оила бояд масъалаи молияи худро худаш ҳал кунад. Дар ин олам ҳаловате монанди ба даст овардани ризқ бо меҳнати ҳалол нест. Ду масъалаи марбут ба ризқро ҳал…

    6 дақ.

    БОБИ НӮҲУМ

    Фасли сеюм Зинаҳои ба воя расидан Пас аз дусолагӣ калон шудани кӯдак тезтар мешавад – саволҳои беохир, чашмони дурахшон, бозигарӣ. Кӯдак (ба ӯзбекӣ «бола») бо номи худ «бол» аст!…

    6 дақ.

    Ворид шудан ба сайт

    Барои гузоштани вокуниш, навиштани шарҳ ва нигоҳ доштани танзимот ворид шавед.

    Бо идома додан шумо бо созишномаи корбарӣ ва сиёсати махфият розӣ мешавед.