Забон

Афсона

Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ

Афсона — акс

(Ҳикоя)

Як инсон ба чилсолагӣ қадам ниҳодааст. Ҷисмаш пур аз қувват гашта, ақлаш ба камол расидааст. Коре набудааст, ки аз дасташ наояд: агар ба кӯҳ мезад, онро талқон мекардааст. Зеро ӯ дар оилаи асилзода таваллуд шуда калон шуда будааст; меҳнатдӯст, доно, боинсоф ва оиладӯст будааст. Ӯ ба ҳама меҳрубон, ростгӯ ва самимӣ будааст. Саховатманд будааст, карамдор будааст. Аз ҳад зиёд худотарс будааст, ки ҳама ӯро олим, зоҳид ва обид мехондаанд.

Аммо рӯзе ҳодисаи аҷибе рух додааст: саҳар бедор шуда, гузаштааш аз ёдаш баромада будааст. Падараш кист, модараш кист – намедонистааст. Худоро тамоман фаромӯш карда будааст. Фарзандону занашро ба ёд овардааст-у, ба онҳо бепарво нигаристааст. Ҳама ба ташвиш афтодаанд. Ҷиҳати аҷибаш он будааст, ки вақте падару модарашро медид, девона шуда, газидан мехостааст. Падару модар аз ҳолаш ҳайрон шудаанд, тарсидаанд, ба табиб нишон додаанд. Табиб гуфтааст, ки ӯ комилан солим аст. Аммо ӯ падару модарашро барои ин корашон аз ҳад зиёд бад дидааст.

Бо занаш коре надоштааст. Ба фарзандонаш бепарво будааст. Не, корҳои шабона, корҳои ҳаррӯзаро хуб анҷом медодааст, масалан, барои рӯзгор ҳама чизро муҳайё мекардааст. Зан пештар аз хона берун намебаромадааст, баъд ба кӯча баромадааст. Баъд оро ёфта, бемалол бо ҳар марде, ки мехост, дӯстона суҳбат мекардагӣ шудааст.

Писару духтараш бошанд, шабона дарбадар гашта, саҳар то паҳн шудани офтоб мехобидагӣ шудаанд. Аммо ӯ лом намегуфтааст. Ҳатто аз фарзандону занаш дашном шунида ҳам менишастааст. Ҳа, акнун онҳо ҳақи сухан гуфтан доранд, мегуфтааст.

Охир занаш марди дигареро дӯст дошта, аз хона баромада рафтааст. Як писараш нашъаманд, як духтараш фоҳиша, як фарзандаш дузд шудааст. Хурдиаш бошад, ба донишгоҳ дохил шуда, онро хатм кардааст ва мулозими ришвахӯр шуда ба камол расидааст. Вале ӯ ба ҳамаи инҳо бо хотирҷамъӣ менигаристааст ва мегуфтааст, ки ҳар кас зиндагии худро худаш месозад.

Падару модари бениҳоят пиру фартутшудааш рӯзе ба хонаи ӯ омадаанд. Пиру кампир гиря кардаанд. Ба чӣ рӯзҳо мондем, гуфтаанд. Ба фарзандонат нигар, ин чӣ аҳвол аст, ин чӣ парешонӣ аст, гуфтаанд. Ақли бист сол пешинаат куҷост, ба кӣ табдил ёфтӣ, гуфтаанд. Чӣ кор кунам, гуфтааст ӯ. Ба зану фарзандонат тарбияи хуб надодӣ, андаке сахтгир набудӣ, гуфтаанд пиру кампир сӯхта-сӯхта. Чӣ, хонаро барояшон зиндон кунамми, гуфтааст ӯ, ҳар кас зиндагии худро худаш месозад, ҳама озоданд, гуфтааст боз.

Пиру кампир боз ҳиқ-ҳиқ гиря карда, хусусан, фардо дар назди Худо чӣ мегӯӣ, гуфтаанд, ӯ аз хона табар оварда, ҳар дуяшонро чопида куштааст. Шумо одамро ҳамин тавр кофир гуфта манипулятсия мекунед, гуфтааст. Баъд онҳоро дар таги ҳавзи шиноварии ҳавлӣ гӯр карда, аз болояш семент рехтааст.

Дар ин бора ба як хоин бо номи пес гуфтааст. Пес ӯро хеле таҳсин гуфтааст ва гузаштаи пӯсидаро ҳамин тавр кардан лозим, хуб кардӣ, гуфтааст. Касби пес нақшакашӣ будааст. Аҷибтараш он ки ҳеҷ кас ӯро барои ин кораш айбдор накардааст. Магар пиру кампир сементи таги ҳавзро шикофта намебароянд, гуфтааст яке бо ташвиши самимӣ. Не, гуфтааст ӯ бо ғурур. Агар бароянд, боз дарун мекунам, гуфтааст.

Ӯ ҳикояи «Масх»-ро дӯст дошта мехондааст, ҳатто дар бораи манқурт ҳам медонистааст. Дар бораи бепарвоии ҷомеа ва аз одамгарӣ баромадани одамон бошад, ҳамеша гап зада мегаштааст.

Бо ҳамин афсона ба охир расидааст.

Акром МАЛИК

2 980бор дида шудааст

Шарҳҳо

    Мақолаҳои дигар

    Баҳои ҳақиқат

    Медонӣ, ки ин дунё аз дурӯғ лабрез аст? Зеро дурӯғ ширин аст. Ҳақиқат – талх. Дурӯғ талаби нафс аст, ҳақиқат талаби Ҳақ. Банда ба дунё барои дӯст доштани Ҳақ омад. Ба сӯи Ҳақ…

    1 дақ.

    Ворид шудан ба сайт

    Барои гузоштани вокуниш, навиштани шарҳ ва нигоҳ доштани танзимот ворид шавед.

    Бо идома додан шумо бо созишномаи корбарӣ ва сиёсати махфият розӣ мешавед.