Қисми 2
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Қисми 2
… Шайх Санъон дар калисо, дар миёни роҳибони насронӣ аз дин баромад, зуннорро, ки дар кишварҳои Ислом нишони куфр буд, ба камар баст; май нӯшид ва Мусҳафро ба оташ партофт (наъузу биллоҳ). Сипас ба чарогоҳ барои хукбонӣ рафт. Пас аз шом омада, ба афрӯхтани оташи калисо машғул мешуд. Ин ҳол се сол давом кард. Дар тӯли се сол ишқи шайх ба духтари тарсо заррае кам нашуд, балки зиёд гашт; балки ӯ висол бо он духтарро бо иштиёқ интизор мекашид. Ниҳоят, чун рӯзи муайяншуда фаро расид, шайх ба кӯчаи духтар рафт, аммо духтар ба ӯ ҳатто нигоҳе ҳам накард, пирамард аз паси ӯ рафта гуфт: «Эй духтар, ба ваъдаат вафо кун». Духтар ба ӯ як назар афканду «Оё ҳаргиз дидаӣ, ки духтари ҷавон пирамардеро дӯст дорад? Ақли ту, ки ба ҳама чиз мерасид, ба ҳамин нарасид? Ман ба ту ҳеҷ ваъдае надода будам», — гуфта, рӯй гардонд ва рафт. Шайх ях карда монд. Ноумед шуд ва аз шаҳр берун рафта, хукҳояшро чаронда мегашт. Иттифоқан, дар миёни муридонаш яке буд — шайх пеш аз рафтанаш ба Рум ӯро бо вазифае ба ҷои дур фиристода буд; ин мурид корро анҷом дода баргашт ва дид, ки дар Макка шайх Санъон нест, шогирдон пароканда… Ин шогирд ҳамаи боқимондагонро ҷамъ кард ва ба онҳо гуфт:
«Эй касоне, ки дар ҳамият аз хук бадтар шудаед! Шайх ба шумо пир буд, шумо ба ӯ мурид будед. Аз иршоди ӯ умед доштед. Шарти ин роҳи фақр ин буд, ки ҳар чӣ муршид кунад, муридонаш ба ӯ пайравӣ кунанд, вале рӯ ба Худо оваранд, барои Худо кунанд. Агар бо мардум омезад, бо мардум; агар танҳо монад, бо танҳоӣ бимонанд — шарт ҳамин аст. Барои бевафоёне чун шумо сурати сӯфӣ ҳайф аст: хирқаи аҳли тақво, дастор ҳайф аст! То шайх дар офият буд, муҳаббат изҳор мекардед! Чун бар сараш кор афтод, худро аз ӯ канор мекашед! Ба устод бевафоӣ карда, ӯро дар калисо партофта рафтед. Аз Худо наметарсед? Аз мардум шарм намедоред? Чун пири шумо ба чунин коре дучор шуд, аз роҳбари худ даст мекашед; аз хизматаш, балки аз будан ва ҳастии ӯ сер шудаед! Худро солеҳ, дарвеш меномед. Шарм бар зуҳдатон, бар тасбеҳатон, бар саллаю асоҳоятон! Агар шайх ба ҷои тарбияи шумо саг парварида буд, дар чунин лаҳзае, ки аз фалак бар ӯ чунин зулм расид, магар сагонаш ба ӯ вафо намекарданд? Агар баъзе сагонаш мерафтанд ҳам, албатта, баъзеи дигар дар паҳлӯяш мемонданд; душманонашро газида, аккос зада меронданд; барои ҳоли хароби шайх нола карда, уллос кашида, мотам медоштанд; чун инсон бевафо бошад, дар боби вафо саг аз ӯ беҳтар аст! Агар шумо мард мебудед, вақте ки ба устодатон чунин мусибат расид, ба ишқи касе мубтало гашт ва ба худ ҷафо кард, воҷиб буд, ки шумо низ ин ҷафоро ба худ раво бинед, яъне дар паҳлӯяш ҳамдард бошед! Вале ҳамаатон нишон додед, ки бедардӣ чист ва устодро номардона партофта рафтед!»
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.