Корҳои ҳаёти мо аз ду қисм иборатанд: корҳое, ки дар ихтиёри мо ҳастанд, ва корҳое, ки берун аз ихтиёри мо…
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Корҳои ҳаёти мо аз ду қисм иборатанд: корҳое, ки дар ихтиёри мо ҳастанд, ва корҳое, ки берун аз ихтиёри мо ҳастанд. Дар илми ақида ихтиёри инсонро ҷузъи ихтиёри куллӣ мегӯянд. Ихтиёри куллӣ – тамоми ихтиёр кардан дар Худост; қисми хурди ин ихтиёр ба инсон низ дода шудааст ва номи он ихтиёри ҷузъӣ аст. Ё ин маъноро калимаи иститоат низ ифода мекунад. Дар кадом соат хоб рафтан ва бедор шудани инсон; суханони нек гуфтан ё суханони бадро интихоб кардани ӯ; меҳнати ҳалол кардан ё ҳаром хӯрдан; ибодат кардан ё аз он рӯ гардондани ӯ – ҳамаи инҳо корҳое ҳастанд, ки дар ихтиёри ҷузъӣ ё дар иститоат мебошанд. Зеро ақл тасдиқ мекунад, ки дар ин корҳо одам яке аз ду корро интихоб мекунад: дар соати даҳи шаб хоб рафтан ҳам мумкин аст; гапзанакро титу кофта, ҳама чизро дида, аз нимаи шаб гузарондан ва хоб карда натавонистан ҳам мумкин аст; китоб хондан ё дар youtube саргардон шудан – иҷрои кадоме аз инҳо дар дасти ҳар кас аст. Вале мард ё зан таваллуд шудан; фарзанди кӣ будан; дар кадом кишвар ва дар кадом замон ба дунё омадан; васеъ ё танг будани ризқ, мӯҳлати аҷал ва монанди инҳо берун аз ихтиёри инсонанд. Матлуб аст, ки одамизод барои корҳои берун аз ихтиёраш ғам нахӯрад. Зеро тағйир додани он ҳаргиз имкон надорад. Вале барои амалҳое, ки худаш карда метавонад ва дар доираи имконаш ҳастанд, ғам хӯрад. Гуноҳҳоеро, ки ба нафси худ итоат карда кардааст, ба гардан гирифта, тавба кунад; барои он ки бо танбалӣ ба маломатҳои гуногун гирифтор шудааст, худро айбдор кунад ва баъд аз анҷом додани ин корҳо кӯшиш кунад, ки хатоҳои гузаштаашро такрор накунад. Яъне нафсашро аз занҷир сар надиҳад; барвақт хобида, барвақт бедор шавад; меҳнат кунад; ҳалол бихӯрад; зулм накунад; ба роҳи ҳаром наравад ва ғайра. Баъзан инсонҳоро наздиконашон тарк мекунанд. Ин бо ду сабаб рух медиҳад. Якум, марг дӯстонро ҷудо мекунад. Дуюм бо хоҳиши тарафи рафта мешавад. Одам ҳеҷ гоҳ соҳиби хоҳиши дигарон шуда наметавонад, ин дар ихтиёри ӯ нест; пас, бо ҳар сабабе ки набошад, набояд барои рафтагон ғам хӯрд. Зеро ин дар дасти ту набуд. Одамонро ба ихтиёри худашон вогузор. Ҳар кас ҳаёти худро зиндагӣ кунад; агар хоҳӣ ба дигарон хоҷагӣ кунӣ, ҳатто инро бо нияти нек, барои фоидаи ҳамон дигаре кунӣ ҳам, ба нафрат дучор мешавӣ. Касе, ки ба қадри имконаш амал кардааст, бурд мекунад. Худо Зоти одил аст. Ӯ ба ҳар кас чунин имкон додааст, ки одаме, ки ҳамаи онро ба кор барад, албатта, ба натиҷае мерасад, ки дилу нафс ва ақлаш аз он розӣ мешаванд. Барои дарк кардани ин танҳо чашми ҳикмат лозим аст, бас. Чашмро бошад, ё ҷаҳолат, ё ғафлат парда мекашад. Дар охири суханамон бигӯем: ихтиёри ҷузъии инсон низ дар ихтиёри Худост. Банда аз дарки чигунагӣ ва сирри ин оҷиз аст; зотан, оҷиз будани ӯ табиист, зеро ӯ банда аст ва Ӯ Худост. Фаҳмидани ҳамаи корҳои Худо кори банда нест. Кори банда аз итоат ва фармонбарӣ иборат аст.
Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.