Имон
Чашмонам кӯр будааст, кӯри мутлақ,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Чашмонам кӯр будааст, кӯри мутлақ,Касеро бузург гуфта кардам эътимод.Суханонашро гуфтам дурусту ҳақ,Ҳатто номашро дар дил кардам эҳтиёт.Имрӯз ошкор шуд ниҳоят, ошкор —Он чи кӯрвор надидам, чӣ будааст — донистам:Кӯҳ пиндошта будам, ё Парвардигор,Ногаҳон бо мӯрчае рӯ ба рӯ омадам.Шояд надиданам бесабаб набуд,Зеро ман ҳақири оҷизи айнакдорам.Чизҳои майдаро то зону назанӣВа хам нашавӣ, дидан наметавонӣ, охир.Ба чизҳои майда печ махӯр гуфта,Донистам, ки Худоям дастамро гирифт.Ба решаи хушкида об рехта, нигариста,Донистам, ки гулу мева доданашро интизор будам.Ё Раб, аз майда шуда монданам нигоҳ дор,Дар миёни мушҳо магузор мисли гурба.Маро ба доираи шерон ҳамроҳ кун, ё Раб,Майлаш, дар он доира бошам мисли сагбача.Дар корвони бузургат бошам ҳам гадо,Агар атола тақсим кунӣ ҳам, розиям, ё Раб.Ба хирқаи дӯши дӯстонат ҳаттоМисли гард часпам ҳам, розиям, ё Раб!Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.