Имон
Худоё, фарзанди одамиро ҳеҷ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Худоё, фарзанди одамиро ҳеҷНокасу ношуду нонкӯр макун.Бечораҳоеро, ки ба шайтон часпидаанд,Бо корҳои ноқис мағрур макун.Агар нола кунам, Худоё, ин ҳолАз исёну туғён нест мутлақ.Танҳо ба аҷзи худ иқрор оварда,Бар ҳоли нотавонам гирям, ё Ҳақ!Агар касе нони хӯрдаашро набинад,Яъне бе нонкӯрӣ зиста натавонад кас,То чашмашро кӯр карда накананд,Аз дастҳояш нагирад марг.Касе ки нони касеро хӯрда, кӯрӣ кард,Кӯр гашта, чашмонаш фишурда равон шавад!Бар ин ҳоли хароб, бар фарёдҳояшЗоте, ки хиёнат дид, то сер шудан нигарад.Нон танҳо ғизои шикамсеркун нест,Балки илму ирфон, меҳр ҳам нон аст.Аз кадом даст неъмат хӯрад ҳар банда,Хӯрдаашро фаромӯш накунад, инсон аст.Агар дарк кунӣ, ки дил чист,Ҳар лаҳзаат саҳари покиза бод!Агар нонкӯр бошӣ, сафарат сақар,Зафарат заҳри пуразобе бод!Ҳар кӣ сухан ва аҳдашро нигоҳ дорад,Бешубҳа, зоти бузург, марди бузург бошад.Ҳар кӣ аз паи нафсу шайтонаш равад,Хору хароб гардад, ҷавонмарг гардад.Эй ту, ки ба чашми зоти некӣкардаХас халондӣ, дастонат бурида гардад минбаъд.Бунёдат барбоду барбодат сӯхта,Хокистар шуда, ба олам пошад албатта.Гар шоҳзода бошӣ, хоҳ бекзода,Дар ҳар майдоне ки хоҳӣ, ҷавлон зан,Туро дарёбад доди мазлум,Намемирӣ, то лахта-лахта хун нафурӯбарӣ.Чашми кӯрат кушода нашавад, валлоҳу аълам,Барои карон ҳайф аст ҳар гуна ҳикмат.Илло бар сари некон ҳамешаБорад аз Ҳақ мағфират, раҳмат.Ба бандагони бечора даст дароз карда,Эй шумо, зотҳои содиқ, равшан – роҳатон.Дар сафи беҳтарин бандагон, омин,Дар ду дунё сарвар бошед шумо.Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.