Зиндагӣ
Чанд даме дар фароғат гузашт,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Чанд даме дар фароғат гузашт,Бар забон тасбеҳу ҳамд, тавба, истиғфор.Ҳатто ғамҳо чун хоб гаштанд,Дил дар бағри ҳаловат қарор ёфт.Дар миёни лаҳзаҳо ором сайр мекардКиштии вуҷуд, ки нохудояш рӯҳ буд.Ногаҳон тӯфон ғурроста бархост,Асбобу анҷоми киштӣ пароканда гашт.Золиме ба чашмҳо намоён шуд,Ақлу ҳуш гурехту дил безобита гашт.Акнун ба суханони сеҳрнок коре намонд,Акнун ту ҳам дар шумори одамон нестӣ.Акнун дар оташ чирс-чирс сӯхта бимон,Лек садоят набарояд – ба ёрат малол аст.Вақт ҳам, ки ин қадар давида омад, ҳансирос зада,Рафта натавониста, хомӯш, бесухану бемадор карахт монд.Оҳ макаш, бигзор зебо ишқатро надонад,Вагарна, изашро ёфта наметавонӣ.Чашмҳо ба роҳҳояш нигарон мемонанд,Ҳатто мурда ҳам онҳоро пӯшида наметавонӣ…Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.