Зиндагӣ
Чун бунафшае, ки дар зери борон монд,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Чун бунафшае, ки дар зери борон монд,Сарам зери сангҳои боранда монд.Чунон ки Азроил ҷонҳоро мегирад,Ғам аз қалб нури шодиро гирифт.Дарахти мусибат рӯиду авҷ гирифт,Аз сояи он баромада натавонистам.Лашкари ноумедӣ чун баҳр пурмавҷ –Онро мағлуб накардам, афканда натавонистам.Бо оҳу фарёд ҳар санги боридароБа даст гирифта, оҳиста назар кардам.Ашки оташинро аз чашм боздошта натавониста,Аз ҳуш рафтам, ҳайҳот, алҳазар.Решаи дарахти мусибатро бурида,Барои аз бех хушк кардани он аҳд кардам.Ба реша нигаристаму рӯямро пӯшида,Бо фарёд гуфтам: «Наход ки бахт нест!»Пеши чашмам сирҳои даҳшатнок фош будааст,Надоматро пинҳон доштан маҳол аст-ку:Сангҳои боранда сангҳое будаанд, ки худам партофтам,Дарахти рӯида ниҳолест, ки худам киштам-ку!..Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.