Ватан
Манзумаи «Тузуки Темурӣ»
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
1ҲамдПодшоҳи олам Худатӣ, Аллоҳ,Дар рӯзи қиёмат Ҳукмрони мутлақ.Ҳамеша аз Ту паноҳ металабем,Ғайр аз Ту мо чӣ касе дорем?!Ҳақ ҳукми Туст, мулк – мулки Туст,Шоҳу гадоён ба Ту таслиманд.Қисмати он ки гардан печид, ҳамин аст:Хориву даҳшат, оҳ, вовайлоҳо.Ба ҳар кӣ хостӣ, салтанат додӣ,Агар хостӣ, аз дасти ҳар кас гирифтӣ.Агар инсон тоҷу тахт ва давлат талаб кунад,Ӯро ба дашти оворагӣ андохтӣ.Тоҷу тахту давлат дар назди ТуШарафу иззати инсон нест.Тоату тақворо бузург навиштӣ,Бе ин ба ҳеҷ кас эҳтиром намеояд.Онҳое, ки аз Ту тақво карданд, Туро дӯст доштанд,Аз шоҳони ҷаҳон афзаланд.Онҳое, ки ба пойи Ту хамида, гирён омаданд,Аз азал аз ҷоми муҳаббат нӯшидаанд.Ба Зоти Ту қасам, эй Маликул-Қуддус,Салтанати дунёро қимате нест.Ҳар чашме, ки Туро дӯст дошта ашк рехт,Ҳақ аст, ки дар ду олам азиз аст.Дар асл, султонҳои рӯи замин –Зотҳоеанд, ки байраки адолатро бардоштаанд.Онҳо қӯрғонҳои марҳаматанд,Зотҳое, ки ба оҳи мазлум мерасанд.Ба подшоҳон ҳукму фармон додӣ –То хонаи адлро обод кунанд.Бо нури раҳмат тамоми ҷаҳонроМунаввар карда, ба мардум наҷот бахшанд.Ҳар кӣ ин корҳоро адо кард,Ба ӯ фурсатҳои пурбаракат додӣ.То даме ки подшоҳ аст, ба ҳукми Ту гадост,Ба ӯ қудрату қурбатҳо додӣ.То одамизод дар замин зиндагӣ мекунад,Шоҳони бузурги пурзӯру пурқувватро дид.Аммо дар охири ҳар яке, ҳайҳот,Оҳҳои пур аз надоматро дид.Ба бандаи оҷизе тоҷ ато карда,Ба тахту қудрат расондӣ Худат.Оқибат нотавону хору гадо карда,Салтанати беканоратро намоён кардӣ Худат.Худоё, мо аз Ту тоҷу тахт напурсидем,Ба ишқи салтанат мубтало макун.Мо барои бандаи Ту будан аҳд додаем,Ба мо муҳаббататро деҳ, ба аҳд вафо деҳ.Ба Худат таслим кун, бар нафс ғолиб гардон,Дар мубориза бо шайтон зафар ато кун.Рӯзе ки рӯҳ аз ин қафас барояд,Роҳи охирати моро бехатар гардон!Қабрҳои моро пур аз нур гардон,Азобҳоро аз мо дур гардон.Худат ҳоли моро хуб медонӣ –Дар қиёмат рӯи моро сафед гардон!..Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.