Зиндагӣ
Синнам ҳафдаҳ, ҳаждаҳ, нуздаҳ,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Синнам ҳафдаҳ, ҳаждаҳ, нуздаҳ,Бисту се буд, ё бисту чор.Хулоса, наврас будаму ҳаргизХудро напухта ё нозук намедонистам.Охир, майдон надида шер будам,Дар пеши кӯҳҳо гардан хам намекардам.Агар касе насиҳат мекард, ҳақир медидам,Дар назди боғҳо гаштанро дӯст медоштам.Ба сухани ҳақ заррае тоқат намекардам,Танҳо он чи ман медонистам, ҳақ буд, тамом.Дар асл ба нафсам садоқат нигоҳ дошта,Ҳамеша аз пайи шайтон гаштаам.Агар одамони нек аз фоидаи ман сухан мегуфтанд,Гӯшамро маҳкам карда, ба дур гурехтаам.Зеро дар дил ғам ва дар чашм нам набуд,Дар дастам байрақе бо номи кибр ҳилпиррос мезад.Ҳиҷоб чашмамро он қадар пӯшонда буд,Шуурам он қадар дар зулмат монда буд –Ки ақл, аҷабо, ба аблаҳӣ фурӯ рафтааст,Худбинӣ ҳастиамро аз дастам гирифтааст.Пурра ба сурати худ маҳлиё гашта,Дар олам одами комил будам ман.Ба аҳли дарду ғам нимнигоҳ ҳам накарда,Ҳама гунаҳкор буданду сап-сафед будам ман.Бо як калима шикастам, ҳазор оҳ,Даҳҳо дилро беандешаю бешафқат.Танҳо ба номи худ хайрхоҳ гашта,Орзуям танҳо шону шӯҳрат буд.Нафси ҳорӣ ҳар қадар ки ҳорӣ шавад,Ба он ҷазои мувофиқ лозим мегардад.Акнун агар як хор онро дард надиҳад,Акнун қазо қамчинро ба даст мегирад.Солҳоро дар зери қамчинҳо гузарондам,Ҳанӯз дар вуҷудам дарди дарра ҳаст.Эй ошиқони нафс, эй бандагони нафс,Тиғи мусибат шуморо интизор аст.Эй азизам, ки аз сухани ҳақ рӯ гардондӣ,Наход ки ба ҷонат наҷот нахоҳӣ?!Ин сухане, ки гуфтам, аз они ман нест,Соҳиби ин сухан ҳамин ҳаёти талх аст.Агар дурри насиҳатро рад кунӣ,Агар устод дар назди ту ғариб монад;Акнун ба ҳар ҳоли ту чорае дида,Ҳаёт ба тарбияи ту машғул мегардад.Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.