АЗ ҲАҚИҚАТ ЧАЛҒ МАШАВ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Дар зиндагӣ кӯшиш барои интихоби дурусттарин роҳ хоси инсон аст. Зиндагӣ кардан бо ҳисси он ки кадом як ҷиҳати корҳояш хато ва нуқсондор аст, вазнин аст. Дар асл, тафтиш кардани амалҳои худ, онҳоро бо тарозуи ақл баркашида, ба оинаи дил андохта, бо қуввати мантиқ санҷида, мувофиқи он рафтор кардан ба шумори бисёр ками инсонҳо насиб мегардад. Аксари одамон аз пурсидани саволи «оё коре, ки мекунам ва тарзи зиндагиам дуруст аст?» маҳруманд. Фарзандони одам бо чунин саволҳо умр мегузаронанд. Гоҳо агар ба саволаш ҷавоби аниқ ёфта натавонад ҳам, роҳи ҳалли равшанеро дарк карда натавонад ҳам, аз қаъри дилаш як нидо: «Хато мекунӣ! Хато мекунӣ! Хато мекунӣ!» – гуфта садо медиҳад. Инсон ба корҳояш назар меафканад, вале намефаҳмад, ки хатояш чист, дилаш бошад, ором намегирад, хотирҷамъиро ҳис намекунад. Ана дар ҳамин ҳол фарзанди одам бояд ҳақиқатро ҷӯяд, бояд ҷустуҷӯ кунад, ки ин азобу изтироб барои чист. Касе, ки ҷуст, албатта, ҷавобашро меёбад, асосаш, шарт аст, ки ба дурӯғ розӣ нашавад. Фарз мекунем, акнун инсон роҳи худро ёфт. Ҳақиқатеро кашф кард, ки ин ҳақиқат ба ӯ хотирҷамъӣ бахшид. Ин ҳақиқат имонро аз куфр афзал мебинад, инсониятро аз ваҳшигарӣ болотар медонад, бовар дорад, ки раҳмат аз адолат бузургтар аст, ба бузургтар будани адолат аз зулм боварии комил дорад, аз ҷазо додан зеботар будани афвро аниқу равшан, ошкору возеҳ дарк мекунад, шоҳиди он аст, ки ҳикмат аз илм пурнуртар аст, ҳамоҳангии шафқат ва қаҳрро кашф кардааст. Агар чизе, ки ҳақиқат номида мешавад, ба куфр мансуб бошад; инсоният ва ваҳшигариро омехта кунад; ба номи адолат раҳматро помол кунад; адолат ва зулмро фарқ накунад; ба номи ҷазо додан афвро фаромӯш кунад; ба илм кӯшида, ҳикматро дарк накунад; ҳамоҳангии миёни шафқат ва қаҳрро нафаҳмад; фаросат аз ақл пештар наравад, он ҳақиқат нест, балки омехтаи мафҳумҳои номуайян аст. Нияти кашф кардани чунин ҳақиқат бояд аз давраи ҷавонӣ сар карда, дар маркази ҳиммати инсон қарор гирад. На танҳо дар маркази ҳиммат қарор гирад, балки ҳамаи ҳаракатҳояш бо такони ҳамин ҳиммат пеш раванд, он гоҳ метавон ба ҳосил шудани мақсад умед баст. Эҳтимол дорад, ки инсон баъзан кашф кардани ин ҳақиқатро дарк накунад, зеро барои он ки ҳақиқат тасдиқи худро нишон диҳад, вақт низ лозим шуданаш мумкин аст. Ба ҳар ҳол, шарт аст, ки одаме, ки ба чунин ҳақиқат дучор омадааст, ба ин ҳақиқат содиқ бимонад. Ҳақиқат ӯро аз гуноҳу маъсият, аз хатову нуқсон наҷот намедиҳад, балки ӯро барои аз ин чизҳо ба сӯи нуру равшанӣ рафтан роҳнамоӣ мекунад. Аз зулмату торикӣ наҷот дода, ба мақсади аслӣ даъват мекунад. Ба ҳар ҳол, бо нигоҳ ба камбудиҳое, ки аз онҳое, ки худро аҳли ҳамин ҳақиқат нишон медиҳанд, сар задаанд, аз ҳақиқат рӯй гардонда намешавад. Балки бо садоқат ба ҳамин ҳақиқат зиндагӣ карда мешавад. Касе нагӯяд, ки «агар туро аҳли ҳақиқат донем, ту ин қадар хатокор ва гунаҳкорӣ, сухан ва роҳи ту чӣ мешуд», зеро чунин гуфтан хусусияти кӯрон ва одамони авом аст; дуюм, ҳақиқати чизе, ки ба ту зоҳир шудааст, ба Ҳақ аён аст. Чизеро, ки ту бо чашми бандагӣ дидаӣ, Ҳақ бо сифати басири Худ пайваста мебинад. Ту кори он бандаро ба Ҳақ супор, аммо худат бар ҳақиқат исто. Аз Ҳақ ва аз корҳое, ки ҳақиқат талаб мекунад, рӯй магардон.
Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.