БОБИ ЧОРДАҲУМ
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
БОБИ ЧОРДАҲУМ
БА МЕҲМОНӢ РАФТАН ВА МЕҲМОННАВОЗӢ, ИНЧУНИН ҲАМСОЯГӢ
Рафта-рафта мафҳуми меҳмон ва мизбон аз зеҳнияти халқамон берун меравад. Баъзе худхоҳон ҳатто тарғиб мекунанд, ки одамонро меҳмон накунед. Вале мо бо сухани чунин худхоҳону хоинон, ватангадоёну кафангадоён коре надорем. Онҳо фитна ва фасод карданро идома медиҳанд, мо бошем, аз моҳияти меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ, адабу ахлоқ ва урфҳои он сухан мегӯем. Зеро ин ки инсонҳо барои якдигар махсус омодагӣ дида хӯрок пазанд ва ин хӯрокҳоро ба дастархон кашида, ҳамон инсонҳоро ба меҳмонӣ даъват кунанд, аз амалҳои бисёр муҳим буда, аҳамияти ҳам иҷтимоӣ ва ҳам маънавии он беқиёс аст. Пеш аз ҳама, ин ҳамдилӣ ва иттиҳоди миёни одамонро мустаҳкам мекунад. Ин маънои асоси меҳру оқибат, наздикии дилҳоро дорад. Дуюм, дар инсонҳо хислатҳои ҷавонмардӣ, саховат ва некӣ карданро тарбия мекунад. Ин аз худхоҳӣ наҷот медиҳад. Танҳо одамон таомҳои ёфтаашонро тақсим карда, ҷамъ омада, бо шукр ва рӯи кушода тановул мекунанд. Ҳайвонҳо хӯроки ёфтаашонро зери худ пахш карда, ғур-ғур карда, бетартибона нахоида фурӯ мебаранд. Пас аз сер шудани шикамашон, ба боқимондаи он ҳайвонҳои заифи дигар меоянд. Инсонҳо ба сабаби меҳмоннавозӣ аз ҳайвон фарқ мекунанд. Меҳмоннавозӣ даъват карда сер кардани як гурӯҳ одамон дар кадом як ошхона ё тарабхонаи кӯча нест, ин ба хона даъват кардан ва бо таомҳои дар хона тайёркардашуда икром намудан аст. Дар ин боб дар бораи одоби ба меҳмонӣ рафтан ва ба меҳмонӣ даъват кардан сухан меронем. Дар халқи мо зарбулмасалҳое ҳастанд: ба ҷое, ки як рӯз намак хӯрдӣ, чил рӯз салом деҳ; ба ҷои даъватнашуда марав, аз ҷои даъватшуда мамон; мард дар ҷое, ки ӯро хоҳанд, азиз аст. Аз ин ва дигар ҳикматҳо бармеомада, муҳимтарин қоидаҳои ба меҳмонӣ рафтанро меорем: 1. Ба ҷое, ки даъват шудаӣ, албатта, бояд рафт. Дар сурати натавонистани рафтан бояд дар ин бора аз мизбон узр пурсид. 2. Ба ҷои даъватнашуда набояд рафт. Агар бисёриҳо даъват шуда бошанду шумо даъват нашуда бошед, инро дуруст қабул карда, ба меҳмонӣ намераванд. 3. Ҳар вақте ки хоҳ барои зиёрат, хоҳ барои зиёфат меравед, тавсия дода мешавад, ки ақаллан дар дастатон ду нон ё як мушт чойи хушк бошад. Агар имконият бошад, бояд бозории хубе бардошта бурд, дар халқ ибораи «дарро бо лагад кушодан» ҳаст, яъне одаме, ки бағалу оғӯшаш пур омадааст, аз сабаби банд будани дастҳояш маҷбур мешавад дари ҳавлӣ ё хонадонро бо лагад кушояд. 4. Бояд дар ҷое, ки мизбон нишон медиҳад, нишаст, ба дохили хона чашм нагардонд, аз нозу неъматҳое, ки ба дастархон гузошта шудаанд, гирифта нишаст. 5. Барои малол наовардани мизбон бояд пеш аз фаромадани шаб барои рафтан иҷозат пурсид. Агар хонаи мизбон танг ва хурд бошад, шаб мондан мумкин нест. Нуктаи муҳим ин аст, ки нақле ҳаст: омадан бо ихтиёр, рафтан бо иҷозат. Маънои ин он аст, ки беҳтар аст одаме, ки ба меҳмонӣ рафтааст, каме нагузашта «нақшае дорам, меравам» гуфта, бетоқатӣ накунад. Балки бояд ба миқдори муътадил нишаст, баъд бо одоб иҷозат пурсид. 6. Ҳангоми хӯрок хӯрдан бояд дастархонро тоза нигоҳ дошт, агар писта-бодомро шикаста хӯрад, пӯстҳояшро бо тартиб ҷамъ карда гузошт, пас аз таом мувофиқи суннат равғани косаю зарфҳоро лесида, ҳатто чой рехта нӯшид.
Акнун одоби меҳмоннавозиро баён кунем. 1. Меҳмонро бо чеҳраи кушода пешвоз мегиранд, вақте ки меҳмон омадааст, агар дар хона касе аз кӯдакон хато кунад, ба ҳеҷ кас танбеҳ дода намешавад. 2. Бояд ба дастархон барои меҳмонон беҳтарин неъматҳоро гузошт. Дар вақтҳои охир онҳое, ки нигоҳ доштани беҳтарин чизҳоро аз ҷониби халқи ӯзбек барои меҳмон, ҳатто дар ҷое, ки дасти кӯдакон намерасад, танқид мекунанд, зиёд шудаанд. Дар асл, ин иззати меҳмон аст. Ин дареғ доштани чиз аз кӯдак нест, балки ба кӯдак нишон додани қадру қимати меҳмон ҳисоб мешавад. Ин намунаи амалии ҳимматест, ки беҳтарин чизро на ба худ, балки ба дигарон раво мебинад. Хулоса ин аст, ки дар тайёр кардани таомҳои беҳтарин барои меҳмон бахилӣ кардан шарм аст. Ҳурмати меҳмон низ ба воситаи дастархони пурнеъмат изҳор карда мешавад. 3. Агар меҳмони ғайричашмдошт омада монад, ба ӯ нисбат ба меҳмони интизоршуда беҳтар иззат карда мешавад. То ки ӯ аз он ки бе огоҳ кардан, даъватнашуда омадааст, дар шармандагӣ намонад. 4. Бо назардошти ҳолат ва кайфияти меҳмон набояд ӯро маҷбуран нигоҳ дошт. Агар меҳмон шабона омада бошад, бояд барои шаб монданаш шароит фароҳам овард, барои ибодатҳояш қулайӣ муҳайё кард. 5. Агар ҳангоми омадани меҳмон дар хона чизе барои дастархон гузоштан набошад, маводи хӯрок тамом шуда бошад, ҳатто аз ҳамсоя қарз гирифта бошад ҳам, иҷро кардани шартҳои мизбонӣ талаб карда мешавад. Барои меҳмон дастархон напаҳн кардан ва як пиёла чой нагузоштан хилофи ҳиммат аст. Аввал чой гузошта, нон шикаста, баъд ба мақсади меҳмон гӯш додан кори дуруст аст. 6. Ҳангоми рафтани меҳмон ба дасти ӯ, хурд бошад ҳам, ҳадя додан аз одатҳои қадима ба шумор меравад. Афзали ҳадя – пул. Агар меҳмон мусофир ва каме камбағал бошад, ба ӯ роҳкиро мешавад. Вагарна, рӯймолча ё тасбеҳ, тоқӣ ё мушк ва ҳоказо чизҳоро ҳадя карда, дуои меҳмонро гирифтан лозим аст. 7. Яке аз асоситарин қоидаҳо – меҳмон то се рӯз дар назди мизбон ҳақ дорад. Агар меҳмон «меравам» нагӯяд, то се рӯз бе малол икром карда мешавад. «Чаро омадӣ» гуфта намешавад. Пас аз субҳи рӯзи чорум метавон ошкоро ба пурсиш гузашт. Ҳамин тавр, масъалаҳои марбут ба меҳмондориро мухтасар мулоҳиза кардем, акнун дар бораи ҳуқуқи ҳамсоягӣ низ сухан мегӯем. Имрӯз ҳамсояҳо мисли ҳамсояҳои замони пешин нестанд. Дар замонҳои пешин ҳамсояҳо аз хешованд наздиктар буданд. Ҳоло дар шаҳрҳо ҳамсояҳои паҳлӯ якдигарро намешиносанд. Ҳисси бо ташвиш ва нобоварӣ ба якдигар нигаристан низ ҳаст. Ҳамсоягӣ як қатор одобҳо дорад. Хусусан, ба баъзеи онҳо таваққуф мекунем: 1. Пеш аз харидани ҳавлӣ ё хона дар ягон ҷо бояд ҳамсояҳоро пурсуҷӯ кард. Бо одамони хуб ҳамсоя будан беҳтар аст. Агар хешованди шумо ҳамсояатон бошад ё ҳамсояатон хешованд бошад, нур бар нур. 2. Бояд ҳамсояи навомадаро фавран хабар гирифта, ёрӣ пешниҳод кард: «Ассалому алайкум! Ҳамсоя, ман фалонӣ ҳастам, дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам. Шумо нав омадаед. Шинос шавем. Ташаккур. Ба шумо чӣ ёрӣ дода метавонам? Агар ягон ёрӣ лозим шавад, дудила нашавед!» Агар худатон кӯчида равед, пас аз ҷойгир шудан ба хонаи ҳамаи ҳамсояҳо даромада, як-як шинос шуда, барояшон зиёфати хурди эҳсон дода мешавад. Ба воситаи ин бо онҳо аз наздик шинос мешаванд. Табиист, ки ба хонаи ҳамсояи нав бо чизҳои зарурӣ ё ҳадяи пулӣ мераванд. Агар ҳамсоя хушахлоқ ва инсофдор бошад, раҳмати Худост. Агар бадфеъл ва беахлоқ бошад, сабр карда мешавад ва бояд бо муомилаи нек дилашро ба даст овард. Ҳеҷ гоҳ набояд дар бораи ҳамсоя бад гуфт. Дар бораи ҳамсояи бад хомӯшӣ ихтиёр карда мешавад. Агар ҳамсоя тӯй кунад, дар хизмат меистанд, агар дар хонаи ҳамсоя аза бошад, китф медиҳанд. Агар зарурат пеш ояд, барои ҳамсоя, барои меҳмонони ҳамсоя аз хонаи худ ҳуҷра ҳам ҷудо карда медиҳед. Агар ҳамсоя чизе пурсида ояд, албатта, бояд дархосташро иҷро кард. Агар ҳамсоя муҳтоҷтар бошад, бояд ҳамеша дасти ёрӣ дароз кард, агар шумо бой бошед, шумо низ бояд гоҳ-гоҳ аз ӯ чизе пурсед. Бо ин шумо мефаҳмонед, ки ӯ ба шумо низ лозим аст. Ба хонаи ҳамсоя хӯрок баровардан аз одатҳои қадимаи мост. Барои ин сабаб будан шарт нест. Вале дар идҳо, албатта, бояд ба ҳамсоя низ тӯҳфа ва ош баровард. Мақсад – бо ҳамсоя аҳлона зиндагӣ кардан аст. Бо ҳамсояи хуб мусибатҳо сабук мегузаранд. Дар сурате ки арзишҳои шумо бо ҳамсоя муқобил бошанд, масофа нигоҳ медоред, вале аз ҳолаш хабар гирифта, некӣ карданро идома медиҳед. Сир намедиҳед ва аз расидани бадӣ ва хиёнаташ эҳтиёт мешавед. Агар ҳамсоя фиреб диҳад, бахшидан; ҳамсояро фиреб надодан; агар бадӣ кунад, сабр нишон додан; дар некӣ пойдор будан; барои тарбияи фарзандони ҳамсоя назорат кардан лозим аст. Бо ҳамсоягии нек одамизод аз бисёр мусибату балоҳо халос мешавад. Ҳамсояи нек дар вақти рафтанатон хонаатонро посбонӣ мекунад; шаъни шуморо ҳимоя мекунад; дар рӯзи вазнинатон дастгирӣ мекунад. Одаме, ки ҳамсоя дорад, набояд танҳо ва бадбахт бошад. Шарт аст, ки ҳамсоя ба ҳамсоя хиёнат накунад. Ба ҳар як оила ҳамсояҳои нек насиб гардад ва ҳамсояи нек будан насиб гардад! Дар ин боб дар бораи меҳмонон ва ҳамсояҳо гап задем, ин ҳар ду тоифа аз инсон васеъдилӣ ва мардонагӣ талаб мекунанд, ба сар бардоштани меҳмон ва ҳамсоя аз инсоният аст.
Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.