Мактуб ба гунаҳкор
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Биё, ҳамдард. Бо ту як дардидил кунем. Азизам, ман фаришта нестам. Даъвои фаришта будан ҳам надорам. Аз зурриёти одамеам, ки аз хоки сиёҳ офарида шудааст. Бар болои ин, аслам аз обе бисёр бадбӯю нохуш аст. Айбдор кардани дигарон ва нафрат аз гунаҳкоронро ба аҳли зуҳд вомегузорем. Онҳо ин корро моҳирона мекунанд. Онҳо бисёр мехоҳанд, ки туро ва маро шармандаи шармсор кунанд, айбу гуноҳҳоямонро ба олам паҳн карда, шилоби маломатро бар сари мо резанд, агар имкон бошад, издиҳомро ҷамъ карда, аввал зану кӯб, кашолакашон кунанд, баъд сангсор кунанд. Агар дар пешона ҳамин бошад, мебинем. Акнун мо мисли он зотҳои шарифе, ки аҳли зуҳд ва аҳли тақвоянд, асилзода ва соҳибкаромат нестем, мисли онҳо чун кӯдаки нав аз модар зода пок-покиза нестем, баръакс, бечорагонем, ки сару либосамон бо ахлот, лой, наҷосати зулм омехтааст. Минбарҳоро ба аҳли тақво диҳем, онҳо «қолаллоҳу» ва «қола Расулуллоҳ» гуфта лаззат баранд. Тӯри зиёфатҳо ва тахти доираҳоро ба аҳли зуҳд супорем, ваъзу насиҳатҳо карда, масту мустағриқ гарданд! Ғавғо карда давидани издиҳом ба сӯи он соҳибкароматон ва тавоф кардани домону китфҳояшонро ба онҳо вогузорем, то ки аз ин бо сабукии бепоён дар осмонҳо парвоз кунанд. Насиби мо зери пой ва остонаҳо бошад, бо пойафзолҳо омехта хобем. Насиби мо хароботу вайронаҳо бошад, дар тӯрҳои тортанак печида хобем. Ба чашмони мо ангуштони дарафшмонанди мардум халад, таънаву дашномҳояшон, бо нафрат «чирт» рӯй гардонда, «ту ҳам одамӣ?» гуфта гузаштанашон бошад ва мо ғарибвор хомӯш бимонем. Дар ҳақиқат, кадом як ҷашнҳои сохта ва ҳашаматҳои қалбакии ин олам аз ҳақиқате дарак медиҳад? Савобу тавбаи киро метавонӣ гӯӣ, ки ба Худо мақбул аст ва кадом гуноҳу исёнро метавонӣ мардуд гӯӣ? Оё хабари аниқ дорӣ, ки Худо кадом пешониҳои ба саҷда гузоштаро ба ҷаҳаннам ҳукм мекунад ва кадом туғёнкорону осиёнро бо ҷаннат мукофот медиҳад? Агар ибодатҳои касе, ки аз симояш ҳайбату салобат меборад, рад шавад ва гуноҳҳои бечорагоне, ки аз вуҷудашон маъсият шӯъла мезанад ва ҳар рӯзашон дар зулмати исён гузаштааст, бо раҳмати илоҳӣ навохта шавад, ҳадди кист, ки бигӯяд ин хатост! Модоме ки ягон мартаба дар чашми махлуқот кафолатномаи раҳмати Ҳақ намешавад, кадом таҳқирро дар забони офаридаҳо метавонӣ роҳхати ҷаҳаннам гӯӣ?! Эй гунаҳкор! Як гурӯҳ одамон ба сафар баромаданд. Роҳашон аз гулзору боғҳои аҷиб гузашт ва иттифоқо, ба як ботлоқи сиёҳ ва бадбӯй дучор омаданд. Ҳамаашон ба ин ботлоқ афтоданд. Аз ботлоқ бо ҳазор машаққат баромада, каме мерафтанд-у, боз ба лой ғарқ мешуданд. Аз он тарафи ботлоқ одамони дигари зебо либоспӯшида аз болои онҳо механдиданд, ёрӣ додан намехостанд ва «агар ёрӣ диҳем, лояшон ба мо мечаспад» гуфта нафрат мекарданд. Аз ин ҳол дилҳои ба лой ғарқшудагон вайрон мешуд.
Он гоҳ яке аз миёни онҳо «некӣ ҳам, бадӣ ҳам аз Худост, эй Худоям, моро аз ин ботлоқ наҷот деҳ» гуфта сахт илтиҷо кард. Он гоҳ Худо ба дили ӯ умед ва қувват андохт. Ӯ ба ҳамаи ғарқшудагон гуфт, ки ҳамаатон дастҳои якдигарро маҳкам доред! Ҳамин тавр дар дохили ботлоқ як занҷир пайдо шуд. Бечорагоне, ки якдигарро маҳкам дошта буданд, барои халосӣ аз лой мекӯшиданд ва боз меафтоданд. Ба ин азоб тоқат карда натавониста гиря мекарданд, вале ба ҳар ҳол ҳар кас боз дасти дӯсташро медошт. Гиря кардани онҳо, то рӯй ба лой ғарқ шуданашон, аз лой пур шудани даҳонҳояшон нафрати озодагонеро, ки каме болотар мерафтанд, бармеангехт. «Худатон гунаҳкоред, шумо сазовори ҳамин лойхӯрӣ ҳастед» гуфта ба сӯи онҳо туф мекарданд ва роҳи худро суруд хонда, сароида идома медоданд. Ба онҳое, ки дар ботлоқ буданд, низ пас аз азобҳои бепоён бахт рӯ овард: онҳо ба соҳил расиданд. Як-як аз лой баромаданд. Вале ҳама бисёр бадбӯй буданд. Ба рӯю чашмашон ҳаргиз нигоҳ кардан мумкин набуд. Он гоҳ осмонро абр фаро гирифт. Онҳоеро, ки аз канори ботлоқ гузашта ба ин ҷо омада буданд, ғам фаро гирифт: агар ҳозир сел борад, роҳҳо лой шуда, мо дар лой мемонем-ку! Ҳа, сел борид. Сел ҳамаи одамони ба лой олударо шуст. Дар вуҷуди онҳо зарраи чирк намонд. Онҳо пойлуч бо роҳат ва шавқ ба сӯи манзил давиданд. Онҳое, ки аз канори ботлоқ омада буданд, бошанд, аз кӯлмакҳо ва лойҳое, ки аз сабаби борон пайдо шуда буданд, нафрат карда, либосҳояшон ба шакле, ки намехостанд, чиркин мешуд. Эй гунаҳкор!
Моҳияти ҳикояро фаҳмидӣ? Онҳоеро, ки дар гулистон айш мекунанд, ба ҳоли худашон гузор! Ба он аҳли зуҳд, ки чашмонашонро аз ҳаром нигоҳ доштаанд, манигар, ту ба гунаҳкоре монанди худ нигар. Ман ҳам яке аз навъи туам. Аз он соҳибкароматон ягон ёрӣ интизор нашав, ту ба аҳли харобот монанди худ наздик шав. Бовар кун, албатта, аз ин лой мебароем, бовар кун, борони меборида моро пок-покиза мекунад. Худ пок-покиза будан ҳеҷ чизро ҳал намекунад, аз раҳмати Худо канда машав, аз қаҳри Худо хотирҷамъ мабош. Ноумед шуданат бо гумони он ки Худо маро аз гуноҳҳо пок намекунад, хурдтар дидани раҳмати Худо аз корҳои худат аст. Хотирҷамъ шуданат бо гумони он ки Худо барои гуноҳҳоям ҷазо намедиҳад, аз қаҳри Худо бузургтар донистани кирдорҳои худат аст. Аз ҳар дуяш Аллоҳ паноҳ диҳад! Ман туро аз гуноҳ наҷот намедиҳам, танҳо бовар кун, ки дер ё зуд аз ин ботлоқ мебароӣ! Ба ту дасте дароз мешавад, ки ёрӣ медиҳад, хеле ба наздикӣ! Танҳо натарс, ба сӯи он умед, ба сӯи роҳҳое, ки ба он умед мебаранд, рав.
Акром МАЛИК




Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.