Забон

Боби ҳаштум

Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ

Боби ҳаштум — акс

Боби ҳаштум

ХОНАДОНИ ХУСУР

Фасли дуюм

Хусур

Хусур бо арӯсон қариб муошират намекунад. Азбаски мақоми ӯ бисёр баланд аст, миёни ӯ ва арӯсон парда ҳаст. Ин парда ҳеҷ гоҳ набояд бардошта шавад, ба ин парда ҳеҷ гоҳ набояд зарар расад. Хусур дар оила пурҳайбаттарин инсон аст. Сухани ӯ мисли кӯҳ вазнин аст. Нигоҳҳои ӯ, ҳузури ӯ, овози ӯ ҳамаи низоъҳоро хомӯш мекунанд; ҳукми ӯро ҳама бечунучаро қабул мекунанд. Барои расидан ба ин дараҷа набояд сухане хилофи обрӯи хусур бошад. Хусур ҳамеша ором ва сокин рафтор мекунад. Бисёр вақташро ба ибодат ва кори фоиданок сарф мекунад. Ҳеҷ гоҳ бо корҳои нолозим машғул намешавад. Арӯсон ҳаргиз набояд хусурро дар ҳолати нобоб бинанд, аз ӯ суханони нолозим шунаванд. Хусур ҳамаро гӯш мекунад. Дар назди ӯ ҳама андеша карда, суханонашонро интихоб карда гап мезананд. Баъд хусур як бор мегӯяд — ҳама ба ӯ итоат мекунанд. Хусур одами нимтабассум, бовиқор аст, ки дар ҷазо додан шитоб намекунад, дар шафқат меъёрро медонад ва мувофиқи қадру салобати худ рафтор мекунад. Беҳтар аст, ки ӯ барои ҳар намози ҷамоат ба масҷид равад. Хусур — меҳвари хона, сутуни хона аст. Ба ӯ нигариста ҳама худро ислоҳ мекунанд, ба ӯ нигариста нақшаҳо тартиб медиҳанд ва самтҳо муайян мешаванд. Хусур ҳимоятгари арӯсон аст. Шикоятҳои хушдоманро шунида, ӯро ба фарохдилӣ, сабр ва шукр даъват мекунад; масъалаҳо ва мушкилоти муҳимро ҳеҷ гоҳ дар назди хурдон ҳал намекунад. Ба ҳеҷ як арӯсаш сахт гап намезанад, ноз намедиҳад, балки хуб гап мезанад. Агар хусурҳо вазифаи худро дуруст иҷро кунанд, ба корҳои хатои хушдоман роҳ надиҳанд, ҳатто агар хато рух диҳад, онро бо адолат ва қатъият ислоҳ кунанд, ҳамеша ҷонибдори арӯс бошанд ва дар айни замон агар аз арӯс нуқсоне бинанд, инро на худашон, балки ба василаи кампирашон ё писарашон фаҳмонанд, оила ором ва мустаҳкам мешавад. Ба хусур мезебад, ки агар аз арӯсон ранҷад, инро зоҳир накунад, хомӯш бошад ва ба сабаби ранҷиданаш худро аз арӯс боз ҳам дуртар нигоҳ дорад. Он гоҳ арӯс бо фаросати худ хатояшро худаш ёфта, ислоҳ карданӣ мешавад. Хусур ҳеҷ гоҳ бо арӯсон дар як дастархон наменишинад, ин хилофи мақоми ӯст. Хусур бо писарон ва наберагон алоҳида менишинад. Имрӯз он ки арӯсон хусурашонро мисли рафиқ мебинанд, бо ӯ бӯсида вохӯрда пурсупос мекунанд ва дигар ҳаракатҳои беадабона ва зиёдатӣ хилофи низоми оилаи мумтоз аст ва дар натиҷаи ин хусур аз ҳаққу имкони дуруст иҷро кардани вазифааш дар оила маҳрум мемонад. Ба ин набояд роҳ дод.

Акром МАЛИК

1 720бор дида шудааст

Шарҳҳо

    Мақолаҳои дигар

    Барои дурбин будан тафаккури муназзам ва равшан талаб карда мешавад. Танҳо бояд як савол дод: «Охири ин корам…

    Мақсад ба ду тақсим мешавад: мақсади мақсадҳо ва мақсадҳое ки ба он мерасонанд. Мақсади мақсадҳо маънои ғояи ғояҳоро дорад. Барои аниқтар фаҳмидани ин чунин мисол овардан мумкин…

    2 дақ.

    БОБИ ҲАШТУМ

    ХОНАДОНИ ХУСУР Фасли якум Масъалаҳои умумӣ Дар давраи шӯравӣ барои пора-пора кардани арзишҳои кӯҳна корҳои низомманд ва мақсаднок бурда мешуданд. Ҳадафи нахустин оила буд. Агар…

    5 дақ.

    Дар ҳаёти инсон сухан бисёр аҳамиятнок аст. Ҳар яке аз одамони ғолиб касоне буданд, ки ба сухани худ эътибор…

    Баъзе қоидаҳои сухан гуфтанро зикр мекунем. Якум, матлуб аст, ки кас дар бораи чизе ки медонад сухан гӯяд. Дар бораи он чи намедонад гуфтан обрӯи одамро мерезад. Дуюм, кас сухани…

    2 дақ.

    Ворид шудан ба сайт

    Барои гузоштани вокуниш, навиштани шарҳ ва нигоҳ доштани танзимот ворид шавед.

    Бо идома додан шумо бо созишномаи корбарӣ ва сиёсати махфият розӣ мешавед.